Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиё - 2007: Рақибон муайян шуданд


Гурӯҳи А
1.Ҷопон
2.Арабистони Саудӣ
3. Яман
4.Ҳиндустон


Гурӯҳи В
1.Эрон
2.Ҷумҳурии Куриё
3.Сурия
4.Тайван


Гурӯҳи С
1. Урдун
2. Уммон
3. АМА
4. Покистон


Гурӯҳи D
1.Баҳрайн
2.Кувайт
3.Лубнон
4.Австралия


Гурӯҳи Е
1.Чин
2.Ироқ
3.Сингапур
4.Фаластин


Гурӯҳи F
1.Узбакистон
2.Қатар
3.Ҳонконг
4.Бангладеш


Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳҳо 22 феврал, 1 март, 16 август, 6 сентябр, 11 октябр ва 15 ноябри соли 2006 баргузор мешаванд. Ва аммо тимҳои миллие, ки ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2006 сазовор шудаанд, метавонанд бозиҳои даври дувумро на 1 март, балки 1 сентябр анҷом бидиҳанд, зеро FIFA 1 марти соли 2006- ро санаи расмии баргузории бозиҳои дӯстона эълон кардааст.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 7 то 29 июли соли 2007 дар чаҳор кишвари минтақа - Индонезия, Малайзия, Тайланд ва Вйетнам доир хоҳад шуд, роҳ меёбад. Дастаҳои мунтахаби миллии кишварҳои мизбон ба мубориза барои ба даст овардани Ҷоми Осиё аз марҳилаи ниҳоӣ шурӯъ мекунанд. Минтақаи Осиёи Марказиро дар Ҷоми Осиё--2007 танҳо Узбакистон намояндагӣ хоҳад кард. Вале тимҳои миллии футболи Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар ин мусобиқа ширкат намеварзанд. Бино ба иттилои Мишел Чай, мудири бахши равобити ҷамъиятии Конфедератситяи футболи Осиё Тоҷикистон ва Туркманистон дар Ҷоми Осиё - 2007 барои он ширкат намекунанд, ки дархости федератсияҳои миллии футболи ин кишварҳо ба унвони AFC бо таъхир ворид шудааст. Ва аммо Қирғизистон ба далели баргузории бозиҳои интихобӣ ҳам дар майдони худ ва ҳам дар меҳмонӣ, аз ширкат дар Ҷоми Осиё - 2007 худдорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG