Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбиҳои каратеи тоҷик дар соли 2005


Умархон Мадвалиев, раиси Федератсияи карате-дои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки карате-до аслан дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода ва ноҳияи Ёвон дӯстдорони зиёд пайдо кардааст. Қасри варзиши «Самандар-асри ХХ1»-и шаҳри Турсунзода макони баргузории мусобиқоти мухталифи байналмилалию ҷумҳуриявӣ гардида, дар ин ҷо дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамрин мекунад.

Ҳамсӯҳбати дигари мо Баҳром Ҳамидов, мураббӣ ва дабири кулли Федератсияи карате-дои Тоҷикистон иброз дошт, ки каратечиёни тоҷик соли гузашта дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ширкат варзида, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Дастаи мунтахаби кишвар дар дувумин мусобиқоти қаҳрамонии Авруосиё оид ба карате-до дар шаҳри Маскав соҳиби се медал шуд: Диловар Шарифов дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 65 кило соҳиби мақоми дувум ва медали нуқра гардид. Ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Темур Беков ва Вадим Ҷо Чун-Си дар рақобатҳо дар вазни то 75 кило муваффақ ба дарёфти мақоми севум ва медали биринҷӣ шуданд.

Ҳамчунин Нигора Тӯраева, узви дастаи мунтахаби каратеи Тоҷикистон порсол дар нахустин Бозиҳои бонувони пойтахтҳои кишварҳои исломӣ дар Теҳрон дар рақобатҳои инфиродӣ ду медали биринҷӣ ба даст овард. Дастаи мунтахаби каратечиёни ҷавони Тоҷикистон дар ҳайати Машраб Қосимов, Фирӯз Темуров ва Ҳабибуллоҳ Ҷунайдуллозода дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд соҳиби ду медали нуқра ва ду медали биринҷӣ гардид. Каратечии тоҷик Алиҷон Саримсоқов дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми дӯстӣ ва ваҳдат дар Эрон бо медали биринҷӣ сарфароз шуд.

Дар дувумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ-до барои дарёфти Ҷоми Сато, ки моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор шуд, 70 варзишгар аз шаш кишвари Осиё ва Аврупо - Афғонистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон ширкат доштанд. Сато Тетсуо, президенти Федератсияи Авруосиёии каратэ-до сито-рю ва ноиби раиси Федератсияи ҷаҳонии каратэ-до, ки барои ширкат дар ин мусобиқа ба Тоҷикистон омада буд, ҳангоми вохӯриаш бо президенти ин кишвар ба Эмомалӣ Раҳмонов камарбанди сиёҳ дани панҷум, рамзи дараҷаи баландтарини каратеро тақдим намуда, гуфт, ки ҷоиза нишони эътирофи саҳми назарраси раиси ҷумҳурӣ дар рушди варзиш, аз ҷумла карате-до мебошад. Рақобатҳои даставӣ дар навъи кумитэ байни бузургсолон бо пирӯзии дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Дар рақобатҳои инфиродӣ байни бузургсолон каратечии тоҷик Муҳаммад Бодаков дар вазни беш аз 73 кило соҳиби медали тилло шуд. Боз чаҳор варзишгари тоҷик - Диловар Шарифов, Далер Сафоев, Хуршед Муҳаммадҷонов ва Мансур Раҷабов дар вазни худ мақоми севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд. Ин навъи рақобатҳо байни наврасони синнашон 16-17-сола бо ғалабаи каратэчиёни тоҷик Аслиддин Нигоров, Эраҷ Ҳакимов ва Бадриддин Умедов ба поён расид.

Ва аммо, таъкид сохт раҳбари федератсияи карате-дои Тоҷикистон, барои рушди ин навъи варзиш дар кишвар баъзе мушкилот мавҷуд аст. Аз ҷумла, ба иллати камбуди маблағ каратечиёни тоҷик аз ширкат дар бисёр мусобиқоти байналмилалӣ даст кашиданд. Соли 2006, мегӯяд Умархон Мадвалиев, ширкати дастаи мунтахаби кишвар дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ, минҷумла мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Ҷопон, Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар,мусобиқоти қаҳрамонии Авруосиё ва Ҷоми Сато дар назар аст.

Ба ин тартиб мутахассисони соҳа натоиҷи ба даст овардаи каратечиёни тоҷикро дар соли 2005 қаноатбахш арзёбӣ карда, ба ширкати комгори онҳо дар мусобиқоти соли 2006 умед доранд.
XS
SM
MD
LG