Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди ғизо барои атфол


Бино ба иттилои Вазорати беҳдошт, дар Тоҷикистон дар соли 2004 ҳар тифли сеюми 6 то 59 моҳа бо камбуди шадиди ғизо мувоҷеҳ будааст. Ин дар ҳолест, ки дар бархе манотиқ, дар тули ду-се соли охир мизони миёнаи норасоии ғизо дар миёни кудакон ҳудудан аз 5 дар сад то қариб 8 дар сад афзоиш ёфтааст.
Юки Мокуо - раҳбари дафтари намояндагии ЮНИСЕФ, Бунёди атфоли СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд бо гузашти сол вазъи зиндагӣ ва дастрасӣ ба ғизо то андозае беҳтар шудааст, ҳанӯз ҳам мушкили камбуди хӯрок барои ин кишвар яке аз масъалаҳои муҳим боқӣ мемонад. Юкие Мокуо мегӯяд:

Камбуди ғизое, ки дар кӯдакон мушоҳада мешавад, дар аксар ҳолатҳо на аз он сабаб аст, ки мардум тамоман хӯрдание надоранд. Балки сабаб дар якранг будани анвои хӯрок ва тарзи нодурусти истеъмоли ғизост. Дар Тоҷикистон одат шудааст, ки ҳамроҳ бо ғизои гарм доимо чой менӯшанд. Аммо ин дар навбати худ ҳамаи оҳанеро, ки ба воситаи хӯрок ба ҷисм ворид мешавад, шуста хориҷ мекунад. Барои ин мо тавсия медиҳем, ки танҳо баъди 30 дақиқаи хӯрок чой нӯшанд.

Карл Нилсон - ҳамоҳангсози барномаҳои СММ дар Тоҷикистон гуфт, сокинони Тоҷикистон бештар на ба сифати ғизо балки ба ҳаҷми он аҳамият медиҳанд, хӯроки онҳо ғолибан аз нон ва чой иборат аст:

Ин тарзи нодурусти истеъмоли ғизост, чунки дар ин ҳолат дар ҷисм норасоии витамину дигар микроэлементҳое, ки барои саломатии инсон муҳимманд, ба миён меояд. Дар деҳоти кишвар мардҳо ғолибан ба муҳоҷарат рафтаанд ва бори зиндагӣ ба дӯши модарон афтодааст. Занон, ки ҳам ташвиши рӯзгору ҳам тарбияи фарзандонро ба зимма доранд, баъзан фурсат намеёбанд, ки худ ва кӯдаконашонро сер кунанд. Ман бар онам, ки бояд дар мактабҳо ба кӯдакон хӯроки серғизо дода шавад, то ин ки онҳо дар як рӯз ҳадди ақалл як бор имкони хӯрдани хӯроки дурустро дошта бошанд.
Ҳамчунин дастгирии оилаҳои камбизоат низ зарур аст. Яъне дар баробари кумакҳои башардӯстона онҳоро ба соҳибкории хурд бояд ҷалб кард.


Набуди ҷойи кор, нокифоягии маблағ ва шароити сангини зиндагии шумори бузурги оилаҳо боиси он гаштааст, ки онҳо тавони фароҳам овардани хӯрокеро надоранд, ки барои рушди ҷисми фарзандон мусоадат намояд. Бар иловаи ин арзиши ғизо, ба вижа, маҳсулоти ниёзи аввал ба мисли гӯшту шир, равғану шакар барои аксари мардум дандоншикан шудааст.
Ман дар ин замина бо чанд модар суҳбат кардам, ки аз субҳ то бегоҳ дар яке аз бозорҳои пойтахт машғули майдафурӯшӣ ҳастанд. Онҳо мегӯянд, барояшон муҳим аст, ки рӯзе як пора нони фарзандашонро пайдо кунанд ва ҳатталимкон мекӯшанд ин хӯрокро рангину серғизо гардонанд:

-Ҷойи кор нест, дар бозор ҳама чиз гарон, ҳадди ақалл дар як ҳафта як бор равғани маска мехарам, ки бачаҳоям хурсанд шаванд. Гӯшт харида наметавонем, ба ҷойи он ба хӯрок тухм илова мекунам. Мурғ ҳам хӯрокаш хуб набошад дар фасли зимистон тухм намекунад, як кило дон 60 дирам. Мана дар соли нав ҳеҷ чиз наёфтам, дили фарзандонам нашиканад, гуфта писари дуюмамро илтимос кардам, ки хурӯсашро диҳад, чи илоҷ розӣ шуд ва мо хурӯсро кушта ош пухтем. Зиндагӣ хеле душвор аст....
- Баҳои қаймоқ, ҳасиб ва дигар чизҳои бомазза осмонбӯс аст. Албатта пули мо намерасад ба онҳо. Кӯшиш мекунем, ки орд бихарем, то кӯдаконамон бе нон нашаванд.


Воқеият ин аст, ки дар шароити феълӣ аксари мардуми Тоҷикистон даромади кам доранд ва дар таъмини ғизои хуб барои фарзандонашон оҷизанд. Ва аз ин хотир, аксар табибон маслаҳат медиҳанд, ки ба хотири ҳалли қазия беҳтар аст, дар ғизои ҳаррузаи худ намаки ёднокшудаву бар ивази гӯшт - маводи донагӣ ба монанди нахуду лӯбиё ва тухми мурғро истеъмол кунанд.
XS
SM
MD
LG