Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парешонтарин шоир дар Тоҷикистон


Ва аммо ҳамин шеъри барои атфол маъруфи «Гумон набаред, ки ман хурд астам, ана мебинед, ҷорӯб дар дастам» - дар сабки парешонияи Турахония гунаву тарзи мухталиф дорад ва пайравони ин сабк таматтӯъ аз «Задам 1 сангу 10 тиреза бишкаст! Гумон набаред ки ман хурд астам»-и шоир Гурез Сафар бардошта, онро ба гунаҳои дигар идома ҳам додаанд. Ба мисли «Ана мебинед, Ғулак дар дастам» ва «Бо ин ғулакам шиша мешканам»...

Ва намунаи дигар аз сабки ҷадиди парешония:

Бародарам,
Бародарам,
Гаҳе диҳӣ ту соғарам,
Гаҳе занӣ ту бар сарам..
Аҷаб расмест- расми одамизод!!!


Ин ҳам моли Гурзе Сафар буд.

Албатта, хонандаи гиромӣ дарк кард, ки «парешония» шеъри ҳаҷв асту мутояба! Ва аммо асосгузори ин сабк, ин равия, ки пораҳои абёти парешонро дар тӯли ним асри умри пурбаракот дар саҳнаи театру синамо ҳини танаффусҳо барои хушдил кардани ҳампешаҳо навиштааст, кист???!

Инак, шинос шавед! Чеҳраи саршиноси фарҳанги миллӣ, ҳунарманди мардумӣ, коргардон ва драмматург ва ахиран ливобардори сабки «парешония» Тӯрахон Аҳмадхонов!

Баъди барфи лак-лакӣ
Хуршед ҷамолаш во кард.
Сӯи ту зад чашмакӣ,
Ҷониби ман ниго кард..
Гиряи мард дард дорад,
Гиряи зан ҳам зарур!!!


Дарун хунук,
Берун хунук.
Аз ин хунук,
Гирифт зунук!
Офтобо! Бори дигар хонаро пурнур кун!


Ин ду пора шеъри парешони ба тозагӣ парешдода аз эҷоди асосгузори парешонизм дар Тоҷикистон буд!

Нахустин пораҳои абёти пареши устод Турахон Аҳмадхонов, лабрез аз лутф ва танз дар сабки «парешония» дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар охири солҳои ҳаштоди асри 20 дарҷ шуд ва зуд мавриди тақлиду такрори удабои закитабъ ва ҳаҷвнигорон қарор гирифт!

Парешонизми нахустинро ин шеър муаррифӣ кард, бо ин матлаъ: «Ду духтар лаб лаби ҷар хӯрда кавар!». Аз устод Аҳмадхонов хоҳиш шуд, ки нахустин шеърро дар сабки парешония, ки ҳамакнун аз даҳон ба даҳон мегардад, ба шунавандаи гиромӣ қироат кунанд:

«-Майлаш, агар ба дили мо назада бошад, ман омодаам, ки бори дигар ҳуши шумову хонанадагони саҳифаи интернетии Радиои Озодиро титу парешон кунам:
Ду духтар,
Бари ба бар,
Лаб-лаби ҷар,
Хӯрда кавар,
Ҳамсафаранд:
1-е зебост,
Дигараш афтод ба чуқурӣ!!!»


Аз устод Аҳмадхонов мепурсам, ки воқеан ҳам худро асосгузори сабки «парешония» медонад ва агар «ҳа!»пас ин ҷараёни ҷадидро дар шеъри тоҷик муаррифӣ кунанд!

«- Ин сабкро чун дӯстон баъд аз пажӯҳиши зиёд муайян карданд, ки «ҷараёни парешонияи Турахония» ном доштааст! Сабаби рӯ ба ҷараёни парешония овардани ман ин аст, ки камина ашъори анъанавии суннатии клоссикро ҳам намедонам ва ҳам наметавонам дар ин пайравӣ чизе иншо кунам, аз ин рӯ маҷбурам, парешонисм нависам. Ва хушбахтона мисли ман «шоирони парешон»-и ҳам наметонистагиву ҳам намефаҳмидагӣ кам набудаанд, ки дар матбуот ҳам дар пайравии ман парешонгуфторӣ мекунанд. Ман чи таманно дорам, дар Соли Нав? Нахуст ҳама сокинони кишвари зебоямро табрик мегӯям, ки пайваста шоду хушдил бошанд ва баъдан сафи шогирдони парешони ман парешонтар бодо, дар соли Саг!»

Дар соли 2006-и масеҳӣ, ки мутобиқ ба солшумории шарқӣ ба соли саг рост меояд, устод Аҳмадхонов парешонгуфтаҳое роҷеъ ба ҳаявону муҳити зист, абру осмон ва гарду ғубори кайҳонӣ ҳам доштааст:

Чанги кайҳон рӯи мижгон неву бар комам нишаст
Пас будастам, ки маро ин эътиборе дода шуд!


Ё

Аз синаи абр,
Бо 100 азобу ҷабр
2 фил азми шино бархостанд
1-е ба Африқо..
Дигараш буд калушпӯш


Устод Тӯрахон Аҳмадхонов ашъори нобе роҷеъ ба зиндагиномаи шуъарои клоссик ва муосири тоҷик ҳам доранд, ки парешонтарин паршонизм дар ҷараёни пареши сабки парешония маҳсуб мераванд. Ва аммо дар Соли Нав ва он ҳам соли Вафодор, яъне Соли саг нахостем, ки хонандагони гиромии ин сутурро парешонтар гардонем ва бо ҳамин ба сӯҳбати ширину танзомези худ бо устоди устодони парешонгуфтору парешонфикр як нуқтаи пареши таммат мегузорем.
XS
SM
MD
LG