Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ховар" 80 сола шуд


Феълан дар 12 шӯъбаи эҷодии ин оҷонсӣ 80 хабарнигор фаъолият мекунанд. Дар соли 2005 дар Русия ва Туркия бунгоҳҳои хабарии Оҷонсии «Ховар» таъсис ёфта ва дар соли 2006 ҳамчунин дар Олмон ва Афғонистон низ таъсиси чунин бунгоҳҳои хабарӣ дар назар аст. Ҳамчунин як силсила китобҳо оид ба таърихи 80-солаи Оҷонсии миллии иттилоотии «Ховар» таҳия ва чоп шудааст. Ҳамакнун Зайниддин Насриддинов, собиқ сарвари ин оҷонсӣ роҷеъ ба таҳаввулоти таърихӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияи оҷонсии «Ховар» китоби наверо омодаи нашр кардааст.

Зафар Саидов, раиси ин оҷонсӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин таъсис ва интишори рӯзномаи хабарии «Набзи Ховар», ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон назир надорад, низ аз комёбиҳои ин оҷонсӣ метавонад ҳисобида шавад. Оқои Саидов афзуд, қарор аст авоили соли 2006 сайти дуюми оҷонсии «Ховар» бо забони тоҷикӣ ба кор андохта шавад.

Ба гуфтаи Зафар Саидов, феълан оҷонсии «Ховар» барои пурзӯр кардани фаъолият ба маблағгузории бештар ниёз дорад. Ба гуфтаи ӯ, бояд буҷаи солонаи ин ниҳод аз 700 ҳазор то 1 миллион сомониро ташкил диҳад. Дар соли 2006 бошад, ҳукумати Тоҷикистон ба оҷонсии «Ховар» танҳо 330 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG