Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин мусобиқаҳои соли 2005


Алиҷон Давлатов, варзишгари тоҷик барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Авруосиё оид ба ҷанги тан ба тан дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон гардид. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило мақоми севумро касб кард. Тими мунтахаби Тоҷикистон низ байни дастаҳо соҳиби мақоми севум ва медали биринҷии мусобиқот шуд.

Як хабари дигар барои ҳаводорони камонварӣ. Мусобиқаи камонварон бахшида ба ҷашни 10-солагии кумитаи кор бо занони шаҳри Душанбе бо пирӯзии варзишгари маъруфи тоҷик Фирӯза Зубайдова ба поён расид. Вай дар машқи М-1 1276 имтиёз ба даст оварда, миёни занон мақоми аввалро соҳиб гашт. Варзишгари пуртаҷриба Албина Камолиддинова бо 1255 имтиёз мақоми дувум ва камонвари ҷавон Зӯҳро Тағоева бо 1054 имтиёз мақоми севумро ишғол карданд. Наргис Набиева, мураббии камонварони навраси тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа, ҳамчунин варзишгарони ҷавон рақобат карданд. Ва дар сабқати камонварони наврас Мадина Сайфуллоева ва Таҳмина Лолакова натиҷаҳои хуб ба даст оварда, миёни ҳамсолони худ пирӯз шуданд.

Ва ба таваҷҷӯҳи мухлисони футзол. Дастаи «Урметан»-и Душанбе дар мусобиқаи анъанавӣ барои дарёфти ҷоми хотираи Александр Кирсанов, собиқ бозигари тими машҳури «Помир» ғолиб омад. «Урметан» дар бозии ниҳоӣ, ки дар толори бозиҳои дастии пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, бар дастаи «Гумрук»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 3 ғалаба кард. Ин охирин мусобиқаи мавсими имсола буд. Ба ин тартиб соли 2005 бо ҳама бурду бохт ба таърихи варзиши тоҷик ворид шуд.
XS
SM
MD
LG