Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри "Асосҳои журналистикаи телевизион"


Муаллифони китоб Асадулло Саъдуллоев ва Маҳмудхон Шоев барои нахустин бор дар таърихи рӯзноманигории тоҷик вижагиҳои кори телевизион, тарзи бандубаст, коллаж, созмони сужа ва таҳияи намоишҳои телевизиониро таҳқиқ кардаанд. Китоби «Асосҳои журналистикаи телевизион» аслан аз ду бахш иборат буда, қисми аввали китоб дар бораи имкониятҳои васоити электронии ахбор, публитсистика дар барномаи телевизионӣ, драма ва мусиқӣ, меъёрҳои ахлоқӣ, таҳлил, тавзеҳ, таҳқиқи журналистӣ ва реклама дар телевизион маълумот медиҳад. Ҳамчунин дар ин китоб феҳрасти баъзе истилоҳоти ихтисосӣ ҷойгир шудааст.

Профессор Асадулло Саъдуллоев мегӯяд, ҳангоми таҳияи ин китоб ҳамзамон вижагиҳои журналистикаи телевизиони тоҷик ҳам таҳқиқ шудааст. Аммо ба гуфтаи оқои Саъдуллоев, феълан сифати барномаҳои телевизиони Тоҷикистон дар қиёс бо шабакаҳои муқтадири телевизионҳои Аврупо бас заиф аст ва ба талаботи телевизиони муосир мувофиқ нест:

«Дар телевизиони тоҷик ҳам ҳастанд журналистоне, ки кӯшиш мекунанд аз нигоҳи сатҳи нигориш, таҳияи барнома, нигоҳдошти набзи барнома (ритм) баъзе корҳоро анҷом диҳанд. Аз ин нигоҳ телевизиони мо баъзе ҷиҳатҳои хуб дорад, махсусан дар барномаҳое, ки як навъ ҷанбаи таҳқиқӣ ва таблиғӣ доранд. Аммо дар барномаҳое, ки ба шоуҳо монанданд, ҳанӯз он низоме, ки фарз кардем, дар шоу-барномаҳои телевизионҳои ҷаҳонӣ дида мешавад, бас заиф аст.»

Маҳмудхон Шоев, директори барномавии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мегӯяд, тайи як соли фаъолияти ин созмон аллакай се китоб дар риштаи рӯзноманигорӣ таълиф шудааст ва ояндаи наздик академия боз ду китоби дигар ба нашр мерасонад. Инчунин дар авоили соли оянда чопи бахши дуввуми китоби «Асосҳои журналистикаи телевизион» бо теъдоди беш аз 1000 нусха дар назар аст. Ба гуфтаи оқои Шоев, айни ҳол 12 олим ва пажӯҳишгари соҳаи рӯзноманигории тоҷик узви ин академия буда ва ба таҳқиқи соҳа машғуланд.
XS
SM
MD
LG