Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқаррароти нави ҳаҷ


Ба иттилоъи шӯрои уламои динии вилояти Суғд, асноди беш аз 950 сокини вилоят барои анҷоми маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ омода ва раводиди ин кишвар барои зиёраткунандагон гирифта шудааст. Орифҷон Байзоев - масъули барномаи сафари ҳаҷ дар Суғд, мудири мадрасаи исломии вилоят мегӯяд, ин навбат дар Тоҷикистон тибқи тартиби нави дарёфти иҷозаи зиёрати хонаи худо теъдоди зоирон аз ҳар шаҳру навоҳӣ мувофиқи квота, муайян карда шудааст:

«Имсол дар вилояти Суғд ба 897 нафар иҷозаи сафари ҳаҷ дода шуд, ки ин ба ҳар 2 ҳазор аҳолии ҳар як шаҳру навоҳӣ як нафарӣ рост меояд. Ғайр аз ин чанд нафари дигар ба ин шумора афзуда, ҳоло асноди 906 нафарро барои сафар омода кардем. Инчунин, ба шаҳри Исфара, ки шумораи хоҳишмандон аз меъёр зиёд буд, аз квотаи ҷумҳурӣ боз 50 адад афзуда шуд. Ҳамин гуна шумори умумии зойирон аз вилояти Суғд ба 956 нафар расид.»

Ба гуфтаи оқои Байзоев, мувофиқи тартиби нави сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон ҳар сокини аз синни 18 болои ин кишвар дар панҷ сол танҳо як маротиба метавонад, иҷозаи сафари шаҳри Маккаро барои анҷоми маросими ҳаҷ дарёфт кунад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи вай, имсол дархости теъдоде аз хоҳишмандони сафари ҳаҷ аз вилояти Суғд, ки то панҷ соли қабл чунин маросимро анҷом дода буданд, барои сафари такрорӣ рад карда шудааст.

Орифҷон Байзоев - узви шӯрои уламои динии Суғд, масъули барномаи маросими ҳаҷ дар мавриди маблағи сафар, ки аз 1700 доллари амрикоӣ дар соли гузашта имсол то 2300 доллар боло рафтааст, гуфт:

«Ин ба он сабаб аст, ки соли гузашта билети ҳавопаймо аз Хуҷанд то Ҷидда 900 доллар буд, аммо имсол 500 доллар боло рафта, 1400 доллар шудааст. Инчунин ин навбат барои меҳмонхона дар шаҳрҳои Ҷиддаву Макка низ 100 доллар зиёд гирифта шуд.»

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи аввали зойирони Суғд, рӯзи шанбеи 24 декабр бо роҳи ҳавоии Хуҷанд - Ҷидда озими Макка хоҳанд шуд ва сафари гурӯҳҳои дигар низ дар наздиктарин рӯзҳо тавассути ҳамин роҳи ҳавоӣ сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG