Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнуси Қонунӣ раиси порлумони Афғонистон интихоб шуд


Раҳбари оппозисюни Афғонистон, собиқ номзад ба мақоми президенти Афғонистон Юнус Қонунӣ имрӯз дар рақобати шадид бо иттифоқчии президент Ҳомид Карзай раиси порлумони Афғонистон интихоб шуд. Ба пуштибонӣ аз номзадии Қонунӣ 122 узви порлумони 249-нафара овоз дод, дар ҳоле ки 117 узви он аз номзадии Абдурасули Сайёф ҳимоят кард.
Қонунӣ аз тоҷикони Афғонистон аст, ки дар интихоботи президентии соли гузашта баъд аз Ҳомид Карзай ҷойи дуюмро ишғол намуд.Дирӯз як ҳампаймони дигари Карзай Сибқатулло Муҷаддадӣ раиси Маҷлиси болоии порлумон интихоб шуд, ки аз 102 узв иборат аст. Порлумони Афғонистон рӯзи 19-уми декабр бори аввал дар 30 сол ба кори худ шурӯъ кард. Дар ҷараёни интихоби он аз тақаллубҳо иттилоъ нашр шудааст.
Фарҳоди Милод, шаҳри Кобул
XS
SM
MD
LG