Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба китобхона китобхона тақдим шуд


Рӯзи сешанбе китобхонаи муосири Бунёди Сорос дар Тоҷикистон, ки бо феҳристи электронӣ, 6 ҳазор адад китоб, бастаи рӯзномаҳои даврӣ ва Интернет муҷаҳҳаз аст, ба китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Фирдавсии пойтахт тақдим шуд. Қимати китобхонаи муҷаҳҳаз ба охирин системаҳои китобдорӣ ҳудуди 85 ҳазор доллари амрикоист.
Шариф Тошев - садри китобхонаи ба номи Фирдавсӣ мегӯяд, Тоҷикистон кайҳо боз ба чунин як китобхонаи замонавӣ ниёз дошт. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Гуландом Набиева - масъули бахши фарҳангии Бунёди Сорос, дар китобхона шурӯъ аз моҳи феврали соли оянда дастрасӣ ба Интернет ройгон ва бидуни маҳдудият хоҳад буд. Гуфта мешавад, тайи 3 соли фаъолият теъдоди хонандагони китобхонаи ҷадид ба 20 ҳазор нафар расидааст. Мавлуда Ҳайдарова, сарвари китобхонаи муосир мегӯяд, ҳамарӯза то 40 нафар аз ганҷи ин боргоҳи илм баҳравар мешаванд.
Ба гуфтаи масъулин, бо тақдими китобхонаи ҷадид ба китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Фирдавсӣ теъдоди бештари донишмандону донишҷӯён ба феҳристи электронӣ, китобҳои тозанашр ва маъхазҳои кутуб дар Интернет дастрасӣ пайдо мекунанд.
XS
SM
MD
LG