Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳури "Иқболи Ватан" дар саҳнаи сиёсӣ


Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо мақсади таҳкими заминаи иҷтимоии ҳизб як Созмони ҷавонони Ҳизби сотсиал-демократро бо номи «Иқболи Ватан» таъсис дод. Мутобиқи низомномаи созмони ҷавонони Ҳизби сотсиал-демократ, ҷавонони то 30-сола новобаста ба мансубияти ҷинсӣ, нажодӣ ва миллӣ ҳаққи пайвастан ба созмони мазкурро доранд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ин ҳизб дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ҳадафи аслии ин тасмимро чунин шарҳ дод: "Яке аз таъйиноти ин созмони ҷавонони ҳизб афзоиши суфуфи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонони фаъолест, ки аз арзишҳо сотсиал-демократӣ огаҳӣ доранд. Ва ҳамчунин ттаблиғи ин арзишҳо дар байни қишри ҷавони ҷомиаи Тоҷикистон."

Дар анҷумани нахустини Созмони ҷавонони «Иқболи Ватан», ки 18-уми декабр баргузор гардид, низомномаи ин бахши Ҳизби сотсиал-демократ тасдиқ ва мақомоти раҳбарикунандаи Созмони «Иқболи Ватан» интихоб шуданд. Шӯҳрат Қудратови 26-сола, хатмкардаи Академияи пулиси Русия раиси Созмони ҷавонони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоб шуд. Ба гуфтаи мавсуф, аксари ҷавонони кишвар ҳанӯз дар арсаи сиёсӣ мавқеъи худро муайян накардаанд ва, аз ин рӯ, ҷалби шумори ҳарчӣ бештари ҷавонони Тоҷикистон ба ин ҳизб ҳадафи аслии ӯ ва пайравонаш мебошад. Аммо оқои Қудратов мегӯяд, мутаассифона, чунин мисолҳо низ ба мушоҳида мерасанд, ки мақомот ба ҷавононе, ки узви Ҳизби сотсиал-демократ ва ё ҷонибдори он ҳастанд, тазйиқу фишор меоранд, ки ин боиси нигаронист.

Феълан шумори аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба 7000 нафар мерасад ва аз он миён 65 дар садашон ҷавонон будаанд. Дар ҳамин ҳол, аз ҳама бештар, яъне зиёда аз 40 ҳазор ҷавон дар сафи Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ҷамъ шудааст. Мақомоти ин ҳизб мегӯянд, шумори зиёди ҷавонони узви ин ташаккули сиёсӣ нишонаи он аст, ки барномаи ин ҳизб бештар ба хостаҳои ҷавонони кишвар мехӯрад.

Шӯҳрат Қудратов, раиси бахши ҷавонони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, қарор аст, ояндаи наздик дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар бахшҳои Созмони ҷавонони ин ҳизб таъсис дода шаванд ва ба ин васила шумори ҳарчи бештари ҷавонони кишвар ба сафҳои ин ҳизб ҷалб гарданд.
XS
SM
MD
LG