Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарқ шудани 4 сайёд дар рӯди Сир


Ситоди вазъи изтирории вилояти Суғд мегӯяд, ғаввосони ин ситод рӯзи душанбеи 19 - уми декабр ҷасади 3 нафари ғарқшуда дар рӯди Сирро дарёфт ва аз об берун овардаанд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир ғаввосон ба ҷустуҷӯи ҷасади шахси ғарқшудаи чаҳорум машғул мебошанд. Манбаъҳои расмии Суғд ҳанӯз ному насаби ғарқшудагонро ошкор накарда, мегӯянд, синнусоли онҳо зери 40 ва ҳамагии онҳо сокини вилояти Суғд мебошанд. Ин нафарон бегоҳи рӯзи якшанбе ҳангоми шикори мурғобӣ дар қисмати ноҳияи Спитамени рӯди Сир ба сабаби фарсудагии қаиқ зери об рафтаанд. Манбаъҳои расмии Суғд, ба шумули идораи умури дохилаи вилоят, феълан сабаби ғарқи онҳоро бар асари фалокати табиӣ, бебаҳрагии ғарқшудагон аз шиноварӣ ва сардии об медонанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG