Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва интихоботи президентии 2006


ақ

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар анҷумани ғайринавбатии худ рӯзи 17 декабр дар шаҳри Душанбе талаб кард, интихоботи навбатии президентӣ дар соли 2006 тибқи қонуни нав баргузор шавад ва президенти феълӣ ҳаққи ширкат дар ин интихоботро надошта бошад. Ба гуфтаи раиси ин ҳизб, Раҳматулло Зоиров, вакилони анҷуман ҳамчунин аз андешаи пешбарии номзади ягонаи оппозисюн дар интихоботи президентии соли оянда пуштибонӣ карданд. Дар анҷуман Диловар Ҷӯраев, муовини собиқи вазири кишоварзӣ ва Дилбар Самадова, устоди факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд муовинони нави раиси ҳизб интихоб шуданд. Раиси ҳизб Раҳматулло Зоиров гуфт, бо сабаби фишори рӯзафзуни мақомоти давлат аввалин бор анҷумани ҳизб дар паси дарҳои баста ҷараён гирифт. Ба гуфтаи масъулони ҳизб шумораи аъзои ҲСДТ дар кишвар ба 7 ҳазор нафар расида, қарор шудааст, ба зудӣ дар як ҳамоиш созмони ҷавонони ин ҳизб таъсис ёбад ва раиси он интихоб гардад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG