Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти CPJ дар бораи Толибов


лл

Алекс Лупис, намояндаи Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), марказаш дар Ню Йорк, аз озодии Ҷумъабой Толибов изҳори қаноатмандӣ кард. Вай гуфт, "мо хушҳолем, ки ниҳоят Толибов аз маҳбас озод карда шуд, вале аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, аз ҳабси журналистон худдорӣ кунанд." Дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ мудири барномаҳои марбут ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Алекс Лупис гуфт: "Ба ҳама маълум аст, ки Толибовро бо сабаби чопи мақолаҳои интиқодӣ дар бораи додситони ноҳияи Айнӣ маҳкум карданд. Дар ҳабс боқӣ мондани Толибов моро хеле маъюс кард. Бо вуҷуди он ки Додгоҳи олӣ ду бор ҳукми озодии ӯро нашр намуд, Додситонии кулли Тоҷикистон ва мақомоти зиндони Истаравшан ин ҳукмро сарфи назар карданд. Ин нишонаи он аст, ки то чи андоза ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон сиёсатзада ҳастанд ва кӯшиш мекунанд, озодии баёнро маҳдуд намоянд."
Ҷумъабой Толибов, журналист ва корманди ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Айнӣ бо чандин иттиҳоме, ки Додгоҳи Олӣ аксари онҳоро рад кардааст, наздик ба ним солро дар зиндон ба сар бурд ва рӯзи 16-уми декабр ба озодӣ баромад. Вай дар аввалин суханони худ аз ҳамаи онҳое, ки ӯро пуштибонӣ карданд, миннатдорӣ намуд.
Латифи Латифӣ, Ню Йорк
XS
SM
MD
LG