Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумъабой Толибов аз зиндон раҳо шуд


Ҷумъабой Толибов - хабарнигори мустақили тоҷикро баъди ним соли зиндон, имрӯз 16-уми декабр аз маҳбаси ноҳияи Истаравшани Тоҷикистон раҳо кардаанд. Иттиҳодия расонаҳои мустақили Тоҷикистон имрӯз гуфт, Ҷумъабой Толибов имрӯз ба ин созмон тамоси телефонӣ гирифта, хабари раҳоии худ аз зиндонро расонидааст. Ҷумъабой Толибовро, ки раҳбари дастгоҳи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ низ буд, бо гуноҳи авбошӣ, фаро рафтан аз ваколати хидматӣ ва нақзи қонуни дахлнопазирии манзил ба ду соли зиндон маҳкум карда буданд. Аммо оқои Толибов мегуфт, ки ҳукми зиндон ба хотири фаъолияти журналистӣ ва мақолаҳояш буд, ки дар он додситони ноҳияи Айнӣ башиддат танқид шуда буд.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон 11 октбяри соли 2005 ҳукми додгоҳи минтақавиро нодуруст ҳисобида, парвандаи ҷиноии ӯро қатъ ва амри раҳоиашро содир кард. Аммо Додситонии Кулли Тоҷикистон аз ин амри додгоҳ шикоят бурда, раҳоии Ҷумъабой Толибовро ғайримумкин кард. Дар охири моҳи гузашта Додгоҳи Олӣ шикояти додситониро бепоя хонда, амри худро бетағйир гузошт. Пас аз ним моҳи судури ин амр мақомоти интизомӣ дар ниҳоят Ҷумъабой Толибовро раҳо карданд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои хабарнигорӣ чандин дафъа аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки Ҷумъабой Толибовро аз зиндон раҳо кунад ва ба хабарнигорони тоҷик имкон бидиҳад, озодона фаъолият намоянд.
Барои шунидани мусоҳиба бо Ҷумъабой Толибов ин ҷоро ангушт занед.
XS
SM
MD
LG