Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Борис Гризлов доир ба пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон


Борис Гризлов - раиси Думаи давлатии Русия ҳангоми боздидаш аз фирқаи 201-уми ин кишвар воқеъ дар шаҳраки Гипроземи пойтахти Тоҷикистон гуфт, ин фирқа ба унвони пойгоҳи низомии Русия ҳамчунон муҳофизи марзҳои ҷанубии ин кишвар ва иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд боқӣ мемонад.
Оқои Гризлов гуфт, ҳукумати Русия ва думаи давлатӣ барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари ҳузури афсарони Русия дар Тоҷикистон ҳамаи чораҳоро мебинанд, то ки нақши ин пойгоҳи низомӣ дар суботу амнияти Осиёи Марказӣ муассир бошад: «Маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, таъмини шароити мусоид барои буду бошу шаҳрвандони Русия аз масъалаҳои муҳиме ба шумор меоянд, ки дар дума матраҳ ҳастанд. Дар буҷаи соли 2006 барои пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон маблағи зарурӣ ҷудо карда шудааст».
Борис Гризлов дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон, аз ҷумла дар дидорҳояш бо Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва Сайдулло Хайруллоев - раисони ҳарду палатаи порлумони Тоҷикистон идомаи ҳамкориҳои ниҳодҳои қонунгузори ҳарду кишвар баррасӣ кард. Дар мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон масоили марбут ба сармоягузории ширкат ва муассисоти Русия дар нирӯгоҳҳои обию барқии Тоҷикистон ва бунёди коргоҳи ҷадиди арзиз ва бозсозии корхонаи тавлиди алюминиуми тоҷик ва ҳамчунин масоили мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва амнияти минтақа баррасӣ шудааст.
Сухангӯи порлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳам раиси Маҷлиси Намояндагон Сайдулло Хайруллоев ва ҳам Муҳаммадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси Миллӣ натиҷаи мулоқот бо оқои Гризловро дар роҳи густариши ҳамкориҳои минбаъдаи порлумонҳои Русияву Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG