Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти дуюми Форуми Осиёи Марказӣ дар ҷилавгирӣ аз низоъҳо


Ширкаткунандагони Анҷумани ҷилавгирӣ аз низоъҳо дар Осиёи Марказӣ масоили ҳамкориҳои минтақавӣ дар мубориза зидди терроризм, бунёдгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти муташаккилро баррасӣ мекунанд.
Ин анҷуман бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва бо ҳамкории Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) рӯзи чаҳоршанбе дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
Ба гуфтаи дафтари СММ дар шаҳри Душанбе, дар ин мулоқот вазирон ва муовинони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, мутахассисони СММ, САҲА ва дигар ниҳодҳои муҳими байналмилалӣ ва ҳамчунин намояндагони пажӯҳишгоҳҳои муҳими чанд кишвар, ба шумули Русия ширкат доранд.
Намояндаи вижаи паймони НАТО дар Осиёи Марказиву Қафқоз Роберт Симмонс низ дар ин анҷуман ҳузур дорад.
XS
SM
MD
LG