Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поксозии минаҳо дар марзи Тоҷикистону Узбакистон шурӯъ шудааст ё на?


Маркази минрӯбии Тоҷикистон аз шурӯъи поксозии минаҳо дар марзи ғарбии Тоҷикистону Узбакистон изҳори бехабарӣ карда гуфт, амалиёти минрӯбӣ дар маҳаллоти наздимарзӣ мушоҳида нашудааст. Ду рӯзи пеш, Шоқосим Шоисломов, сафири нави Узбакистон дар Душанбе пас аз супурдани эътиборнома ба президенти Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфта буд, кишвари ӯ дар минтақаи марзии Боботоғи вилояти Сурхондарё ба поксозии минаҳо оғоз намудааст. Ҷонмаҳмад Раҷабов, раиси Маркази минрӯбии Тоҷикистон мегӯяд, шояд Узбакистон дар ҳудуди худ, дар маҳаллоти дур аз сарҳад ба безараргардонии минаҳо шурӯъ карда бошад. Ва аммо маркази минрӯбии Тоҷикистон дар мавриди ин иқдоми кишвари Узбакистон ягон иттилоъи расмие нагирифтааст. Ҷаноби Раҷабов гуфт, изҳороти ахири сафири Узбакистон дар Душанбе мояи хушнудӣ ва умедворкунанда аст. Ва аммо дар хоки Тоҷикистон, дар манотиқи водии Рашт ва ноҳияи Ванҷ беш аз 125.000 метри мураббаъ аз мина поккорӣ шуда ва зиёда аз 1.800 мина ва маводи дигари тарканда кашф ва безарар гардонида шудааст. Ҷонмаҳмад Раҷабов гуфт, айни ҳол, танҳо як гурӯҳи минрӯбӣ дар маҳалли Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷ кор мебарад ва амалиёти барчидани минаҳо дар дигар маҳаллот бо сабаби сардии ҳаво мутаваққиф шудааст. Аз аввали сол дар Тоҷикистон минаҳо ҷони 7 шаҳрванди ин кишварро рабуда ва 12 нафарро маҷрӯҳ кардааст. Маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон мегӯяд, аксари кушташудаҳои мина аз вилояти Суғд мебошанд ва аммо бо иллати он ки то ҳол хати марзи Тоҷикистону Узбакистон таъин нагаштааст, амалиёти минрӯбӣ дар ин вилоят шурӯъ нашудааст.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG