Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 миллион доллар барои поксозии партовҳо


Ҳукумати Шветсия ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд даҳ миллион доллари амрикоӣ барои ҷамъоварӣ, коркард ва маҳви партовҳо ба шаҳрдории Душанбе ихтисос додаанд. Абдулқуддус Музаффаров, муовини раиси кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин маблағ барои харидории таҷҳизоти нави партовғундорӣ ва қуттиҳои партов масраф хоҳад шуд:

Маблағ, ки ворид шуд, мо дубора партовҳоро коркард мекунем, қуттиҳои нави партовгирӣ ва техникаи коммуналӣ харидорӣ мекунем, то ин ки партовҳо мунтазам аз ҳудуди шаҳри Душанбе бароварда шавад. Агар партовҳо саривақт бароварда нашаванд, ба муҳити зист ва саломатии одамон зарар дорад. Дар тобистон вай бӯ мегирад, ҳар гуна ҳашарот пайдо шуда ва боиси сар задани бемориҳои гуногун мегардад. Аз ин рӯ аз сӯйи ҳукумати пойтахт супориш шудааст, ки партовҳо зиёда аз ду рӯз дар маҳаллаҳо ва нуқтаҳои партовгирӣ наистанд.

Абдулқуддус Музаффаров афзуд, айни ҳол ду корхона - корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» бо коркарди партовҳои плостикӣ ва корхонаи «Фея» бо коркарди партовҳои коғазӣ машғул аст. Ба гуфтаи оқои Музаффаров, шаҳрдории пойтахт азм дорад, як корхонаи махсуси коркарди партовҳои оҳану чӯянро низ бунёд кунад. Феълан дар аксар кишварҳои мутараққӣ, ба мисли Чин ва Олмон аз ҳисоби коркарди партовҳо ба буҷаи давлат маблағҳои зиёде ворид мешавад ва имрӯз Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад:

То инро аз байн набарем, мушкилоти мо ҳал намешаванд. Ҳоло корхонаю муассисаҳои пойтахт пур аз партовҳои оҳан ҳастанд, ки онҳо бояд коркард шаванд. Ҳоло мо қадамҳои аввалинро дар ин ҷода мезанем, лекин дар дигар давлатҳо аз ҳисоби коркарди партовҳо даромади муфт ба даст меоранд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз он шикоят мекунанд, ки партовҳои гирду атрофи манзили зисти онҳо саривақт тоза карда намешаванд. Гулдаста Хайруллоева, сокини ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд:

Масалан, дар кӯчаи мо, кӯчаи ба номи Саъдии Шерозӣ, чанд вақт боз дар назди бинои истиқомати мо партови бисёре ҷамъ шуда истодааст, ки бояд масъулини соҳа ҳар сари вақт ин партовгоҳҳоро тоза кунанд. Лекин тоза намекунанд. Бисёр вақт падару модарон намемонанд, ки кӯдакон ба кӯча бароянд, зеро кӯча хеле ифлос аст. Ҳоло ки фасли сармо аст, ин проблема чандон назаррас нест, аммо чанд моҳ пас, ки ҳаво гарм мешавад, он истиқоматкунандагоне, ки дар ошёнаи якум ҳастанд, наметавонанд дару тирезаҳои худро кушода монанд ва баҳузур аз ҳавои тоза истифода кунанд.
Дар ҳоли ҳозир сокинони шаҳри Душанбе ҳар моҳ барои истифодаи қуттиҳои партов аз 30 дирам то як сомонӣ, муодили 10 то 30 сенти амрикоӣ пардохт мекунанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG