Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов баҳси атрофи ТадАз-ро сиёсӣ номид


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як мулоқот бо раиси ширкати Русал Олег Дерипаска барномаҳои ин ширкат дар Тоҷикистонро баррасӣ кард. Вай эҷоди монеа дар атрофи барномаи бозсохт ва тақвияти Корхонаи арзиз ё алюминиюми Тоҷикистонро аз тарафи мақомоти Ӯзбакистон як иқдоми сиёсӣ арзёбӣ кард. Вай, ки дар мулоқот бо намояндагони ниҳодҳои молиявии минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ширкатҳои сармоягузори тарҳҳои тавлиди барқи обӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат мекард гуфт, ки Корхонаи алюминиюми Турсунзода ҳануз 30 сол пеш дар замони ҳукумати шӯравӣ бунёд шуда буд ва то имрӯз боре ҳам дар бораи хатарҳои харобиовари он ба муҳит сухане садо надода буд. Дар 15 соли баъди фурӯпошии шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон низ ин гуна эътироз садо надод ва корхонаи нави арзиз, ки қарор аст бунёд шавад, аз марзи Ӯзбакистон 300 километр фосила дорад.
Дар ҳамин ҳол Олег Дерипаска, раиси ширкати Русал низ гуфт дар бунёди сохтмони коргоҳи нави алюминиюм бо касе машварати изофа сурат нахоҳад гирифт ва ин ҳаққи Тољикистон аст, ки дар ин маврид мустақилона тасмим бигирад. Аммо дар мавриди корхонаи алюминиюми Турсунзода Дерипаска гуфт, ҳангоми тақвияти тавоноии он масоили зистмуҳитӣ дар назар гирифта хоҳад шуд. Пештар, ҳангоми сафараш ба Тошканд, Дерипаска гуфта буд, ҳамаи барномаҳои худро дар Тоҷикистон бо раҳбарияти Ӯзбакистон ҳамоҳанг хоҳад кард.
Раҳматкарими Давлат, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG