Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FIFA қуръа кашид, AFC омодагӣ мебинад


ҶОМИ ҶАҲОН - 2006:

Маросими қуръакашии бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон - 2006 аз ҷониби FIFA - Созмони байналмилалии футбол дар шаҳри Лейпсиги Олмон баргузор шуд. Дар ин маросим, ки онро ҳудуди 300 миллион кас дар кишварҳои мухталифи олам аз тариқи телевизион мустақиман тамошо карданд, 32 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба ҳашт гурӯҳ тақсим гашт. Дастаи мунтахаби Ҷопон - барандаи Ҷоми Осиё дар гурӯҳи «F» бо тими миллии Бразилия - қаҳрамони феълии ҷаҳон ва дастаи ҷадиди Конфедератсияи футболи Осиё - Австралия рақобат хоҳад кард. Ба ин гурӯҳ, ҳамчунин мунтахаби Хорватия дохил шудааст. Ба гурӯҳи «G», ки дар садри он тими Фаронса - қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1998 мебошад, мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ шомил гашт. Дар ин гурӯҳ боз дастаҳои Швейтсария ва Того рақобат хоҳанд кард. Тими миллии Эрон дар гурӯҳи «D» бо мунтахаби Португалия - финалисти Ҷоми Аврупо-2004, дастаҳои Мексика ва Ангола зӯрозмоӣ мекунад. Тими миллии Арабистони Саудӣ дар гурӯҳи «Н» бо дастаҳои Испания, Украина ( воқиан, ягона намояндаи кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ) ва Тунис қувва меозмояд. Чаҳор гурӯҳи дигар аз чунин дастаҳо иборат аст: гурӯҳи «А» -- Олмон, Коста-Рика, Лаҳистон ва Эквадор, гурӯҳи «В» -- Англия, Парагвай, Тринидад ва Тобаго, Шветсия, гурӯҳи «С» -- Аргентина, Кот-д Ивуар, Сербия ва Черногория, Ҳолланд ва гурӯҳи «Е» -- Италия, Гана, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чехия. Чемпионати ҷаҳон рӯзи 9 июн дар шаҳри Мюнхен бо бозии тими мизбон - Олмон ва Коста-Рика шурӯъ мешавад. Баргузории бозии ниҳоӣ миёни ду дастаи беҳтарин барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон рӯзи 9 июл дар Берлин дар назар аст. Аз кишварҳои Осиё нахуст Эрон ба рақобат шурӯъ карда, дар аввалин дидори худ 11 июн бо Мексика зӯрозмоӣ хоҳад кард.

ҶОМИ ОСИЁ -- БЕ ТОҶИКИСТОН

Конфедератсияи футболи Осиё қабл аз маросими қуръакашии Ҷоми Осиё - 2007 дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқотро ба сабадҳо тақсим кард. Ба сабади аввал - Ҷопон, Чин, Эрон, Баҳрайн, Узбакистон ва Урдун, ба сабади дувум - Куриёи Ҷанубӣ, Ироқ, Уммон, Кувайт, Арабистони Саудӣ ва Қатар, ба сабади севум - Аморати Муттаҳидаи Араб, Яман, Сурия, Лубнон, Сингапур ва Ҳонконг, ба сабади чаҳорум - Фаластин, Шри-Ланка, Тайван, Покистон ё Бангладеш, Ҳиндустон ва Австралия дохил шуданд. Маросими қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 4 январи соли оянда дар пойтахти Малайзия - шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳҳо аз 22 феврал то 16 ноябри соли 2006 доир хоҳад шуд. Вале дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё ширкат намекунад ба ин далел, ки дархости Федератсияи футболи кишвар унвонии Конфедератсияи футболи Осиё бо таъхир ворид шудааст. Шариф Назаров, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз ширкат накардани дастаи мунтахаби кишвар дар Ҷоми Осиё изҳори таассуф карда, гуфт: « Рейтинги тими миллӣ аз натоиҷи ба даст овардааш дар мусобиқоти мухталиф бастагӣ дорад. Бинобар ин ширкат накардани дастаи мунтахаби кишвари мо дар Ҷоми Осиё рейтинги моро на танҳо баланд намесозад, балки паст мекунад. Ва ба андешаи ман ин масъала бояд дар Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор бигирад. »

Ва як хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки рӯзи 12 декабр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи анъанавӣ оид ба футзол барои дарёфти Ҷоми хотираи Александр Кирсанов, собиқ бозингари дастаҳои «Помир» ва «Ирригатор»-и Душанбе оғоз мешавад. Бино ба иттилои Дамир Камолиддинов, раиси кумитаи футзоли федератсияи футболи Тоҷикистон дар чаҳордаҳумин давраи ин мусобиқот 45 даста, аз ҷумла 13 дастаи собиқадорони футболи тоҷик ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG