Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Он чӣ насиби ман шуд..."


Абдусаттор Раҳмон Имрӯз як порча шеъри ҳаҷвӣ дорем барои Шумо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасоду ришва.

Чи хуш, яку якбора
Шудам садри идора.
Кулаҳбасар шудам ман,
Фавран дигар шудам ман.
Ба ҳар ҷо монам поям,
Чандин кас аз қафоям.
Яке "ако" мегӯяд,
Яке "тағо" мегӯяд.
Дигар ягон кас маро
Нагӯяд "акаи Хас".
Медароям аз ҳар дар,
Дасти ҳама пеши бар.
"Ако, боло нишинед,
Ако, дарде набинед!"
Дар як тараф кабоб аст,
Дар як тараф шароб аст,
Ҳар он чӣ рӯи хон аст,
Аз баҳри акатон аст.
Ба хонаю идора
Садҳо кас орад пора.
Эҳ, ин чӣ бахти аъло!
Бахти аъло буд, аммо...
Ёрон, шумо аз ҳасуд
Напечед асло ба худ.
Он чӣ насиби ман шуд,
Андар хоби шабам буд.

(Аз маҷаллаи "Хорпуштак", шумораи 9, 1990)
XS
SM
MD
LG