Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хостори ислоҳот дар Созмони конфаронси исломӣ шуд


Сафари серӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Арабистони Саъудӣ пас аз ширкат дар ҷаласаи фавқулоддаи Созмони конфаронси исломӣ бо силсилаи мулоқотҳои корӣ ба поён расид. Дар суханронии худ ҷаноби Раҳмонов таъмини зиндагии шоиста барои ҳар хонавода ва кишвари мусалмониро ҳадафи аслии давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ номид ва пешниҳод кард, ки ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф мизони сармоягузории кишварҳои қудратманди исломӣ афзоиш дода, дар давлатҳои дигари мусалмонии рӯ ба рушд иншооти азим ва муосири иқтисодӣ бунёд карда шавад. Вай изҳор дошт, ки Тоҷикистон хостори ислоҳоти сохтории Созмони конфронси исломӣ ва фаъолияти бештари он дар саҳнаи байнулмилал аст. Дар доираи ширкат дар иҷлоси Созмони конфронси исломӣ Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин бо шоҳи Баҳрайн - Малик Ҳамад ибни Исо, раисони ҷамоҳири Сенегал - Абдулло Вад, Яман - Алӣ Абдулло Солеҳ, Озарбойҷон - Илҳом Алиев, Афғонистон - Ҳомид Карзай ва Эрон - Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот кард. Мавзӯи асосии сӯҳбатҳо таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни ин кишварҳо будааст.
XS
SM
MD
LG