Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори вазири энержии Афғонистон аз нерӯгоҳҳои Тоҷикистон


Муҳаммад Исмоилхон, вазири об ва энержии Афғонистон дар нахустин рӯзи боздиди худ аз Тоҷикистон аз чанд иншооти муҳими ҳидроэнержӣ дар ҷануби ин кишвар дидан кардааст. Вай ҳамроҳ бо мақомоти вазорати энержии Тоҷикистон аз нирӯгоҳҳои барқи обии Норак, Бойғозӣ ва Сангтӯда - 1 ва аз масири эҳтимолии хатти лӯлаи Мазори Шариф -- Колхозобод дидан кард. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи вазорати энержии Тоҷикистон гуфт, коршиносони ду ҷониб тарҳи чанд санадеро барои имзо таҳия мекунанд, ки қарор аст, фардо миёни вазоратҳои ду кишвар ба имзо бирасад. Дар мулоқоти Муҳаммад Исмоилхон бо мақомоти Тоҷикистон инчунин масъалаи сохтмони лӯлаи гази табиӣ аз вилояти Балх то Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ва сохтмони хатти интиқоли барқи Роғун -- Қундуз -- Ҳирот ва Машҳад низ баррасӣ хоҳад шуд. Аммо мавзӯи аслии гутфугӯи ду ҷониб ҷустуҷӯи роҳҳои тавофуқ бар сари тарҳи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Дашти Ҷам аст. Ин нирӯгоҳ қарор аст, бо мувофиқаи Тоҷикистон ва Афғонистон бо иқтидори 4 ҳазор мегаватт тавоноӣ ва обанборе бо гунҷоиши 17 миллаиард метри мукааб дар рӯдхонаи Панҷ сохта шавад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG