Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳмотбозони наврас дар Деҳлӣ


ШОҲМОТ:Рӯзи панҷшанбеи ҳафтуми декабр дар пойтахти Ҳиндустон - шаҳри Деҳлӣ мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба шоҳмот миёни шатранҷбозони то 14-сола оғоз шуд. Бино ба иттилои Ёқуб Раҳимов, муовини аввали раиси федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ин кишварро дар мусобиқоти мазкур варзишгарони наврас - Шаҳноза Умарова, Икром Илҳомзода, Умедҷон Саидов ва Амал Олимов таҳти сарварии Рашид Ҳусейнов, раҳбари мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе намояндагӣ мекунанд. Ёқуб Раҳимов гуфт, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бори севум ширкат меварзад. Мусобиқот то 27 декабр идома хоҳад кард.

ФУТБОЛ:Ҷадвали бозиҳои 14-умин мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2006 таъин шуд. Тақвими бозиҳои дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа - қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2005 дар ин бозиҳо чунин аст:

14.01.2006. "Вахш" - «Нефтчӣ» (Боку, Озарбойҷон)
15.01.2006. "Вахш" - «Оқтеппа» (Актюбинск, Қазоқистон)
17.01.2006. "Вахш" - «Металлург» (Лиепая, Латвия)

«Вахш» ҳар се бозиро дар толори варзишии «Динамо»-и шаҳри Маскав анҷом хоҳад дод.

Дар Ҷоми Иттиҳод дастаҳои қаҳрамони ҳамаи 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дастаи мунтахаби ҷавонони Русия ширкат хоҳанд кард. Дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ду дастаи беҳтарини ҳар як гурӯҳ барои ширкат дар давраи дувуми мусобиқот, ки 18 январ доир мешавад, роҳ меёбад. Бозиҳои нимниҳоӣ 20 январ баргузор мешавад. Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2006 дар бозии ниҳоӣ 22 январ муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG