Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Конфронси Исломӣ мусулмононро ба мубориза зидди террор даъват мекунад


Дабири Кулли Созмони Конфронси Исломӣ Екмеллуддин Эшоноғлу дар нишасти ин ниҳод, ки ҳафтуми декабр дар шаҳри Макка ифтитоҳ шуд, кишварҳои узви созмонро ба мубориза зидди терроризм ва ҳамчунин ба диндории мӯътадил даъват намуд.
Дабири Кулли созмон Екмелуддин Эшоноғлу гуфт: "Мо наметавонем барои мушкилоти худ дигаронро гунаҳгор кунем. Ҳоло вақти он расидааст, ки мо ба мушкилоти дохилӣ ва минтақавии худ бо ҷасорат, самимият ва аз мавқеъи боз расидагӣ кунем."
Дабири Кулли Созмони Конфронси Исломӣ афзуд: "Дар мубориза зидди терроризм мо бояд решаҳо ва сабабҳои онро аз байн барем. Терроризм ҷиноят аст ва ҳар як шахси мусулмон бояд ба зидди он мубориза барад."
Эшоноғлу гуфт, ки агар ба масоили нодорӣ, бесаводӣ ва фасодкорӣ дар кишварҳои исломӣ расидагӣ нашавад, тундравон метавонанд, ин мушкилотро ба нафъи худ истифода кунанд.
Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ низ мусулмонҳоро ба диндории мӯътадил даъват намуд. Ӯ гуфт:
"Иттиҳоди исломӣ -- он тавре, ки баъзе ашхоси мунҳарифшуда бо афкори торики худ иддао мекунанд - бо рехтани хун ба даст намеояд."
Ширкаткунадагони нишасти дурӯзаи Макка илова бар масъалаи мубориза зидди террор ҳамчунин роҳҳои густариш додани нақши Созмони Конфронси Исломӣ дар умури байналмилалиро баррасӣ мекунанд.
Созмони Конфронси Исломӣ 57 кишвари узв дорад ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.
XS
SM
MD
LG