Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду хориҷӣ ва шаш тоҷик бо иттиҳоми узвият дар "Ҳаракати Исломии Узбакистон".


Рӯзи душанбе дар шаҳри шимолии Хуҷанд ду шахси муттаҳам бо узвият дар созмони манъшудаи "Ҳаракати Исломии Узбакистон" ба ҳабс гирифта шуданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 5 декабр дар шаҳри Хуҷанд як шаҳрванди 37-солаи Узбакистон ва як шаҳрванди 41 -солаи минтақаи Мордовияи Русия боздошт шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон онҳоро бо узвият дар созмони манъшудаи "Ҳаракати Исломии Узбакистон" муттаҳам мешуморанд. Ҳамин манбаъ афзудааст, ки ҳамроҳ бо ду нафари ёдшуда шаш сокини манотиқи Шимолии Тоҷикистон дастгир шудаанд. Боздоштшудагон шабномаҳое бо даъват ба сарнагунсозии давлат паҳн мекардаанд. "Ҳаракати Исломии Узбакистон" як созмони ифротгаро мебошад, ки бунёди хилофати исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказиро ҳадаф қарор додааст.
XS
SM
MD
LG