Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Ҷопон барои дастхобонӣ


Дар бисту ҳафтумин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ, ки дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио ҷараён дорад, нахустин бор намояндагони Тоҷикистон ширкат меварзанд. Бино ба иттилои Нодир Дареғӣ, раиси Федератсияи армспорти Тоҷикистон ин кишварро дар мусобиқоти мазкур ду варзишгари тоҷик - Гуландом Халилова ва Акмал Қодиров намояндагӣ мекунанд. Вай афзуд, Гуландом Халилова, ки барандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалии шаҳри Тошканд ва қаҳрамони дукаратаи армрестлинги Тоҷикистон мебошад, дар рақобатҳо миёни занон дар вазни то 60 кило ҳунарнамоӣ мекунад. Акмал Қодиров дар сабқати варзишгарони маълул иштирок дорад.


Ва ҳоло ба таваҷҷӯҳи ҳаводорони гуштии миллӣ. Рӯзи сешанбеи 6 декабр дар толори мактаби маҳорати олии варзишии шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии миллӣ оғоз мешавад. Маҳмуди Абдуллоҳ, саркотиби ин мусобиқот ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо ширкати беш аз 200 гуштигир аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар назар аст. Вай афзуд, миёни ширкаткунандагони рақобатҳо паҳлавонони машҳури кишвар Парвиз Собиров, Рауф Ҳукуматов, бародарон Рустам ва Расул Боқиевҳо, Фаридун Устопиров, Карим Мерганов ва дигарон ҳастанд. Ба гуфтаи Маҳмуди Абдулло қаҳрамонони имсолаи Тоҷикистон дар риштаи гуштии миллӣ мувофиқи вазни худ рӯзи чоршанбеи 7 декабр муайян мешаванд.
XS
SM
MD
LG