Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмонов боз ҳам аз вазъи маориф интиқод кардааст


Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як нишасти ҳукумати кишвар, бо ширкати муовини сарвазир Хайриниссо Мавлонова, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов вазъи кунунии соҳаи маорифро бори дигар таҳти танқид қарор дода, изҳор дошт, то имрӯз омӯзиши забонҳои хориҷӣ, компутар ва илмҳои дақиқ пурра ба талабот ҷавобгӯ нест, иштироки хонандагон дар дарсҳо комилан назорат намешаванд ва барои ҷалби наврасони аз мактаб дурмонда, чораҳои қатъӣ роҳандозӣ нашудааст. Дар ҷаласа қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба ислоҳоти соҳаи маориф, роҳҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Бино ба иттилоъи маркази матбуоти президенти кишвар, қарор аст, дар нимаи дуюми моҳи декабри соли равон бо ҳадафи омӯзиши мушкилоти соҳаи маориф ва дарёфти роҳҳалҳои мушкилоти ин ришта бо иштироки кулли раҳбарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон як ҷаласаи густардаи ҷумҳуриявӣ доир гардад. Дафтари матбуоти президент мегӯяд, дар ин ҷаласа масъулони соҳаи маориф дар бораи вазъи соҳа аз кӯдакистон то донишгоҳи олӣ ба Эмомалӣ Раҳмонов ҳисобот хоҳанд дод.

Моҳе қабл баъди танқиди шадиди президент аз вазъи маориф бо супориши ӯ барои тафтиш ва омӯзиши муасиссаҳои таълимӣ ва сатҳи дониши хонандагону фаъолияти омӯзгорон гурӯҳи корие таъсис ёфта буд, ки натиҷаи пажӯҳиши онҳо низ дар маҷлиси навбатӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад.
Фирӯзи Барот, Душанбе
XS
SM
MD
LG