Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз сад ҳазор маълул дар интизори кӯмак


Иттиҳодияи миллии маълулони Тоҷикистон бо такя бар омори вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кишвар мегӯяд, феълан, дар ҷумҳурӣ бештар аз 121 ҳазор маълул сабти ном шудааст. Эсанбой Воҳидов, муовини раиси Иттиҳодияи миллии маълулони Тоҷикистон гуфт, аз ин теъдод, ҳудуди 80 дарсад ва ё 82 ҳазор маълул узви Иттиҳодияи миллии маълулони Тоҷикистон мебошанд. Дар ҳамин ҳол, оқои Воҳидов афзуд, чанд рӯз қабл дар назди Иттиҳодияи миллии маълулон созмони бонувони маълул таъсис шуд. Эсанбой Воҳидов мегӯяд, дар саросари кишвар ҳудуди 60 бахши Иттиҳодияи милли маълулони Тоҷикистон фаъол аст, ки ҳар яке дар назди худ ҳоҷагиҳои ёрирасон дорад. Ба гуфтаи ӯ тавлидоти ин хоҷагиҳо ба нафарони маъюб ройгон тақдим мешавад. Аммо ин дар ҳолест, ки афзуд оқои Воҳидов, то ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон корхонаи вижаи маълулон фаъол нест. Маълулон бошанд, бархе дар корхонаҳои кишвар баробар бо нафарони солим фаъолият мекунанд. Ба эътиқоди муовини раиси Иттиҳодияи милли маълулони Тоҷикистон мушкили аслии маълулон дар кишвар камбуди аробачаҳои маълулӣ будааст. Ин дар ҳолест, ки дар арафаи рӯзи байналмилалии маълулон ба Иттиҳодияи мазкур танҳо аз сӯи як корхона чанд аробачаи маълулӣ тақдир шудаасту халос. Ба гуфтаи Эсанбой Воҳидов, муовини раиси Иттиҳодияи миллии маълулони Тоҷикистон дар ин рӯз аз ҳисоби захоири ҷамъиятҳои маълулон дар саросари кишвар маъракаҳои кӯчаке иборат аз дастархони ғизо таъсис дода ва маълулони бистариро аёдат кардаанд. Аммо оқои Воҳидов аз он изҳори сипос мекард, ки дар ин рӯз масъулони чанд корхонаву идораҳои давлатӣ аз тариқи телефон онҳоро ҳолпурсӣ кардаанд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG