Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст.


шаҳри Душанбе

Масоили марбут ба сабти номи созмонҳои байналмиллалӣ ва дарёфти раводид дар Тоҷикистон мавзуи аслии нишасти намоянадагиҳои Созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва вазоратхонаҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буд. Дар ин нишаст, ки паси дарҳои баста анҷом гирифт, намояндагони Вазорати хориҷа, Вазорати адлия ва Вазорати иқтисоду савдои Тоҷикистон ширкат карданд. Сабаби паси дарҳои баста сурат гирифтани ин нишаст ҳам аз ҷониби макомоти давлат ва ҳам аз тарафи созмони байналмиллалӣ шарҳ дода нашуд. Вале Ричард Ҳоугленд-сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нимаи ин нишаст аз толор хориҷ шуд. Вай дар посух ба суоле дар бораи сабабҳои сабти ном нашудани ду созмони ғайридавлатии Амрико дар Тоҷикистон чунин гуфт:

«Танҳо ду созмони Иёлоти Муттаҳида, яъне Институти байналмилалии демократӣ ва созмони Фридом Ҳаузро ба қайд нагирифтаанд ва сеюм созмони Интернус, ки аслан бо васоити ахбори умум сару кор дорад, асноди худро барои сабт ба Вазорати адлияи ин кишвар пешниҳод кардааст. Аммо сабти ин созмон ба кундӣ сурат мегирад. Ба ҳар ҳол, ин созмонҳо фаъолияти худро давом медиҳанд".

Ба гуфтаи оқои Ҳаугленд, мақомоти Тоҷикистон ин созмонҳоро ба сабабҳои фаннӣ сабти ном накардаанд. Ричард Ҳоугленд дар бораи ҳадафи баргузории ин нишаст тавзеҳ дод, ки хостаанд бо мақомоти Тоҷикистон ру ба ру суҳбат ва душо душ бо онҳо кор кунанд ва ба ин кишвар кумаки худро расонанд.
Аммо тибқи иттилои Вазорати адлияи Тоҷикисон, муҳлати сабти номи асноди созмонҳо як моҳро дар бар мегирад ва дар ин муддат бояд вазорат дақиқ кунад, ки созмонҳоро сабти ном мекунад ё хайр. Вале як намояндаи Институи байналмилалӣ демократӣ гуфт, беш як сол аст ин созмон сабти ном нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, Рустам Менгалиев-масъули Вазорати адлия дар умури сабти номи созмонҳо гуфт, ин вазорат танҳо ва фақат бар асоси қоунунҳои мавҷудаи Тоҷикистон ба масъалаи сабти ном бархурд мекунад. Оғои Менгалиев беш аз ин чизе нагуфт.
Вале Ричард Ҳоугленд- сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида ба унвони кишвари кумакунанада ба иқтисоди Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ин кишвар ба қонунҳои мавҷудаи ин давлат арҷ мегузорад. Аз оқои Ҳоугленд пурсидам, ки оё Тоҷикистон бо пайравӣ аз Узбакистони ҳамсоя бо созмонҳои амрикоӣ чунин рафтор мекунад? Вай гуфт, аслан ин ду кишвар аз ҳам фарқ доранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад ин дуро бо ҳам қиёс кард. Вай афзуд, Тоҷикистон ба суи як ҷомеаи демократӣ ва модерн гом бармедорад ва мо ба президенти он Эмомалӣ Раҳмонов боварӣ дорем.
XS
SM
MD
LG