Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони «Вахш» дар Ҷоми Иттиҳод


Ин мусобиқот бо ширкати дастаҳои қаҳрамони ҳамаи 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамчунин дастаи мунтахаби ҷавонони Русия аз 14 то 22 январи соли 2006 дар маҷмааи варзишии «Олимпик» ва қасри варзиши «Динамо» - и шаҳри Маскав доир мешавад. Дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд.

«Вахш», ки дар ин мусобиқот дувумин бор ширкат хоҳад кард, тибқи қуръакашӣ дар гурӯҳи «В» бо «Нефтчӣ»-и Боку -- қаҳрамони Озарбойҷон, «Оқтеппа»-и Актюбинск -- қаҳрамони Қазоқистон ва «Металлург»-и Лиепая - қаҳрамони Латвия рақобат мекунад.

Ҳайати гурӯҳҳои дигар чунин аст:

гурӯҳи «А»: CSKA ( Маскав,Русия), «Динамо» (Тбилиси,Гурҷистон), «Пахтакор» (Тошканд, Узбакистон) ва ТВМК (Таллинн, Эстония)

гурӯҳи «С»: Шахтёр» (Донетск, Украина), «Шериф» (Тираспол, Молдавия), МТТУ (Ишқобод, Туркманистон) ва «Дордой-Динамо» (Норин, Қирғизистон)

гурӯҳи «D»: («Пюник», Ереван, Арманистон), «Шахтёр» (Солигорск, Беларус), «Экран» (Паневежис, Литва) ва дастаи мунтахаби ҷавонони Русия (берун аз озмун).

Мусобиқоти навбатӣ ба шакли пешин сурат мегирад: ду дастаи беҳтарини ҳар як гурӯҳ барои ширкат дар давраи дувуми мусобиқот роҳ меёбад. Ин дафъа дастаҳои қаҳрамони Русия ва Украина аз имтиёз маҳрум шуда, на аз бозиҳои нимниҳоӣ, балки аз марҳилаи аввал, яъне аз сабқати гурӯҳӣ ба рақобатҳо шурӯъ мекунанд.

Бозиҳо дар чаҳор гурӯҳ 14,15 ва 16 январи соли оянда доир мешавад. Дар бозиҳои чаҳорякфиналӣ 18 январ ғолиби гурӯҳи «А» бо дастаи дувуми гурӯҳи «В», ғолиби гурӯҳи «D» бо дастаи дувуми гурӯҳи «С», ғолиби гурӯҳи «В» бо дастаи дувуми гурӯҳи «А» ва ғолиби гурӯҳи «С» бо дастаи дувуми гурӯҳи «D» рақобат мекунанд. Бозиҳои нимниҳоӣ 20 январ баргузор мешавад. Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2006 дар бозии ниҳоӣ 22 январ муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG