Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бознигарии дурнамои сиёсати молиявии Тоҷикистон


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рӯзи 30-юми ноябр дар ҷаласаи аъзои ҳукумат гуфт, сиёсати молиявии Тоҷикистон бояд ба пуштибонӣ аз соҳибкории хурду миёна, махсусан дар кишоварзӣ, нигаронида шавад. Дар ин нишаст зикр шуд, ки шумораи истифодабарандагони қарзҳои имтиёздори давлат дар Тоҷикистон аз 500 ҳазор нафари соли 2003-юм қариб ба 900 ҳазор нафар расид, аммо ин ҳам ҳанӯз кофӣ нест. Таври маълум қарзҳои давлат ба шаҳрвандон хурд буда, бонкҳои тиҷоратӣ ба ин қарз баҳраҳои баланд мебанданд. Ҳамчунин тафтиши корбурди дурусти ин қарзҳо ба роҳ монда нашудааст.
Дар нишасти аъзои ҳукумат дурнамои ин фароянд барои соли 2006-ум муайян ва пазируфта шуд. Ҳамчунин ширкатдорони нишаст барномаҳои рушди тарбияи ҷисмонӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 2006-2010, афзоиши идрори донишҷӯён, густариши истифода аз фанновариҳои иттилоотӣ ва компютерӣ, таъсиси Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқ дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва ғайраро баррасӣ ва қабул карданд.
XS
SM
MD
LG