Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сафири Амрико бо аъзои ҷавони ҳизби ҳокими халқии демократӣ


Бо ҳадафи баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷавонон Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар доираи маҳфилҳои омӯзишии «Сарварони ҷавони сиёсӣ» вохӯрии сафири Амрико Ричард Ҳоуглендро бо аъзои ҷавони ҳизб, донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт ва дигар ҷавонони фаъоли манотиқи дурдасти кишвар созмон дод. Дар нишасти мазкур сафири Амрико Ричард Ҳоугленд оид ба ҳамкориҳои ҳозираву ояндаи Амрикову Тоҷикистон дар самтҳои ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, амният - мубориза бо терроризму гурӯҳҳои тундгаро ва бо қочоқи маводи мухаддир - ва соҳибкориву рушди соҳаи энержӣ сӯҳбат кард.

Ричард Ҳоуглденд гуфт, дар рушди соҳаи иқтисод бунёди роҳҳо ниҳоят муҳиманд ва аз ин ҷост, ки Амрико ба Тоҷикистон барои сохтани пуле, ки Афғонистону Тоҷикистонро мепайвандад, 30 миллион доллар кӯмак кардааст.
Ричард Ҳоугленд афзуд, Вошингтон дар роҳи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти сарҳадот ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 33 миллион доллар ҷудо кард: «Бо хоҳиши Тоҷикистон мо якҷо бо Кумиссиюни Аврупо ба кумитаи ҳифзи сарҳади ин кишвар кумаки моливу иттилоотӣ мерасонем. Ба хотири баланд бардоштани малакаи нигаҳбонии сарҳад дарсҳои гуногун баргузор мекунем. Ин на танҳо барои таъмини амнияти минтақа, балки барои рушди истиқлоли Тоҷикистон мусоидат мекунад.»

Ба гуфтаи Ричард Ҳоугленд, Тоҷикистон ба як қатор конунҳои амалкуннадаи кишвараш тағйиру иловаҳои хуб ворид кардааст, аммо ӯ меафзояд, қонунҳои хуб вақте одилона амалӣ намешаванд, чандон манфиатнок нестанд: «Медонед, пеш аз ҳама як соҳибкори оддии тоҷикро чӣ хашмгин месозад? Ин тафтишоти беохири орӣ аз маънии бозрасҳои гуногуни давлатӣ аст. Аз нозирони андоз шурӯъ намуда, то бозрасии сӯхторнишонию беҳдоштӣ, хулоса ҳар касе, ки метавонад, барои ба даст овардани манфиат, барои назорат меояд. Раҳбари як ширкати хусусӣ ба ман гуфта буд, ки онҳо 40 рӯзи кори худро танҳо барои ба истилоҳ «ташриф»-и чунин бозрасҳо аз даст додаанд. Тасавур кунед, ин 40 рӯз, маҳрум шудан аз 40 рӯзи даромади ширкат ва кам шудани захираи маблағи андози давлатист. Ин на танҳо мояи асабоният аст, балки чун харобкорӣ ба назар мерасад.»

Ричард Ҳоугленд гуфт, на ҳамаи онҳое, ки ақидаашон аз назари расмӣ тавофут дорад, «душман» маҳсуб меёбанд. Ӯ афзуд, ба сарварони ҷавон имкони андӯхтани таҷрибаро бояд фароҳам оварду ба онҳо бовар кард: «Ба онҳо таъсиси расонаҳои гуногуни мустақили хабарӣ лозим аст, то ин ки озодона андешаҳояшонро иброз намоянду баҳс кунанд. Ман бовар мекунонам, ки ин ба суботи кишвар хатаре эҷод намекунад, балки онро таҳким мебахшад. Ба онҳо бояд имкон дод, ки бо андешаҳои тоза вориди сиёсат шаванд»

Дар нишасти мазкур ҷавонони ба саволҳои гуногуни худ оид ба ҳамкориҳои Амрико дар рушди соҳаи маориф, соҳибкорӣ, кумакҳои башардӯстона ва робитаҳои фарҳангӣ, ришвахорӣ ва ғайра посух гирфианд.
Як ҷавон суол кард, ки «Оё Амрико кишвари воқеъан демократист ё дар он ҷо ҳам баъзе меъёрҳои демократия риоя намешаванд?» Сафири Амрико дар посух гуфт: «Бале, дар Амрико ҳам баъзе меъёрҳои демократия рияо намешаванд, аммо ман мегӯям, ки мо ба ҳар ҳол кишвари демократӣ ба ҳисоб меравем, зеро мардум метаонанд озодона ҳамаи ин камбудиҳоро матраҳ созанд. Онҳо метавонанд озодона ҳукуматро танқид кунанд. Барои ҳамин, демократия ин ҷараён аст, на интиҳои чизе, ки ба он ноил шудаем. Аз ин рӯ, ин демократияро бояд ҳифз кунем.»

Давлаталӣ Давлатов, ҷонишини аввали раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон гуфт, онҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон бо сафирон ва ходимони давлатӣ мулоқотҳои зиёд барпо мекунанд: «Чунин мулоқот имкон медиҳад, ки ҷавонон аз ҳаёти байналмилалӣ ва аз сиёсати берунии кишвар маълумот пайдо кунанд.» Дар назар аст, ки рӯзи 3 декабри соли ҷорӣ мулоқоти ҷавонон бо сафири Чин дар Тоҷикистон доир гардад.
XS
SM
MD
LG