Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коди нави телефони Маскав - 495


Сар аз 1 декабри соли равон, яъне рӯзи паньшанбе код ва ё рамзи телефони шаҳри Маскав дигар мешавад. Ба ҷойи шумораи 095 акнун 495 ба кор бурда хоҳад шуд. Дар ин бора вазорати иттилоот ва иртибототи Русия хабар дода, гуфтааст, сар аз якуми декабри соли 2005 дар 18 вилояти ҳавзаи федеролии марказӣ коди телефон дигар карда мешавад. Ташреҳ шудааст: "Дар хотир нигоҳ доштани ин дигаргунӣ мушкили зиёд надорад, чаро ки аз коди пешина танҳо сифр аз байн бардошта мешавад ва ба ҷойи он шумораи 4 истифода мешавад. Масалан, коди Маскав то ин замон 095 буд, акнун барои тамос бо Маскав ба ҷойи сифр шумораи 4-ро бояд чинд. Тағийрот дар коди вилояти Маскав ҳам ҳамин гуна аст, яъне ба ҷойи 096 аз коди 496 истифода бояд кард. Ҳамин гуна дигаргунӣ дар коди вилоятҳои бахши урупоии Русия, аз ҷумла Твер, Тула, Тамбов, Калуга, Кострома, Орёл ва ғайра ворид карда мешавад. Аммо ба хотири осонии кори муштариён аз 1 декабри соли 2005 то 31 январи соли 2006 ҳарду коди кӯҳна ва нав фаъол хоҳанд буд."
Ба гуфтаи мудири бахши сиёсати давлатии иртибототи хориҷии вазорати иттилооти Русия Виталий Слизен, коди нав бо дастури Иттиҳодияи байналмалаллии иртиботот ба манзури ҳамгунӣ бо шабакаҳои ҷаҳонии мухобирот роҳандозӣ мешавад. Вай гуфтааст, дар ин раванд то охири соли 2006 табдили кодҳои иртиботи байналлмилалӣ - 8 ва 8-10 ба 0 ва 00 дар назар аст.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG