Бо ташаббуси анҷумани ноширон ва ширкати чопии «Хуросон» ва таҳти сарпарастии молии Бунёди Сорос дар 12 ноҳияи Тоҷикистон фурӯшгоҳҳои сайёри китоб ташкил шудааст. Камол Обидов-ҳамоҳангсози барномаи иттилоъотии бунёди Сорос ва яке аз масъулини ин фурӯшгоҳ гуфт, дар давоми 25 рӯз дар 12 ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон беш аз 300 номгӯй китоб, ки дар 14 чопхонаи кишвар нашр шудааст, бо қиммати аз 3 то 15 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Ҷаноби Обидов гуфт, дар баробари фурӯши кутуб ҳамзамон дар байни аҳолӣ пурсиш гузаронида мешавад, ки онҳо ба кадом навъи китоб бештар ниёз доранд. Ҳамзамон, тибқи як саволнома муайян мегардад, ки кадом анвоъи кутуб-адабиёти бадеӣ, илмӣ, дарсӣ ва ё омӯзишӣ дар нуқоти дурдасти кишвар намерасад. Анҷумани ноширон тасмим гирифтааст, пас аз рӯи кор овардани як барномаи вежа камбуди китобро дар навоҳии дурдаст рафъ кунад.
Сайёфи Мизроб, Душанбе
Сайёфи Мизроб, Душанбе