Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расман қатъ шудани ҳаракат тавассути ағбаи Анзоб


Ҳаракати васоили нақлия тавассути гарданаи Анзоб, ки шимол ва ҷануби Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, расман қатъ шудааст. Бино ба гуфтаи мақомоти вазорати роҳ ва нақлиёти Тоҷикистон бинобар бориши барф ва фуромадани тарма ва хатарнок шудани ҳаракат дар ин ҷода ҳаракати нақлиёт мамнӯъ эълон шуд. Дар ҳамин ҳол, полковник Содиқ Розиқов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Чкаловск, ки амалиёти наҷоти мусофирон ва 800 худрави дар гирмонда дар ин гарданаро ба ўҳда доштааст, гуфт, ин амалиёт бо муваффақият дар ду рӯзи пеш поён ёфта ва дар ҳоли ҳозир ҳеҷ воситаи дигаре дар банди барф намондааст. Ў ҳамчунин ахбори расонаҳо роҷеъ ба кушта шудани чанд нафар дар чанд рўзи пеш дар ин гардана бар асари сарморо низ такзиб кард. Гарданаи Анзоб танҳо роҳи заминиест, ки шимоли Тоҷикистонро бо ҷануб ва ҳамин тавр маркази кишвар пайванд медиҳад. Ва ҳамасола ин гардана панҷ ило шаш моҳ аз моҳи ноябр то моҳи май ба рӯи ҳаракати нақлиёт масдуд мешавад. Масдуд шудани ҳаракати нақлиёт боиси афзоиши қиммати бархе аз молу маводи мавриди ниёзи мардум дар пойтахт мешавад. Аммо эҳтимол меравад, ин охирин зимистон бошад, ки роҳи заминии шимолу ҷануб қатъ мешавад. Бино ба ваъдаи супурдаи раисҷумҳури Тоҷикистон қарор аст, аз наврӯзи оянда, яъне то чор моҳи дигар нақби Анзоб мавриди истифода қарор бигирад, ки барои чор фасли сол ҳаракати нақлиётро дар ин ҷода таъмин хоҳад кард. Ин нақб, ки 4 ним ҳазор метр масофа дорад, тавассути як ширкати иронӣ дар ҳоли эҳдос аст.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG