Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми иқтисодии Тоҷикистон ва Русия


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар паёми табрикии худ ба муносибати ифтитоҳи аввалин намоишгоҳи миллии Русия дар Тоҷикистон ва форуми ҳамкориҳои миёни ду кишвар, Русияро "кафили сулҳу субот дар минтақа ва шарики муҳими тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон номид."
Дар маросими ифтитоҳи форуми иқтисодии Русия ва Тоҷикистон, раиси ҳайъати давлатии Русия Борис Пастухов гуфт, ин анҷуман ба татбиқи барномаҳои ҳамкории дуҷониба мусойидат хоҳад кард. Вай ҳамчунин ба масъалаҳои муҳоҷирати нирӯи кори Тоҷикистон ба Русия дахл кард ва гуфт, ташкили биржаи муштараки меҳнат дар байни ду кишвар раванди ҳиҷрати нирӯи корро ба танзим хоҳад овард. Дар намоишгоҳи миллии Русия дар Душанбе зиёда аз 100 ширкати Русия намунаҳои маҳсулоти худро ба диққати ҳамкорони худ ва муштариён дар Тоҷикистон пешкаш кардаанд. Намоишгоҳ ҳамчунин осори ҳунарҳои мардумии ақаллиятҳоио миллии Русияро фаро гирифтааст.
XS
SM
MD
LG