Аммо бо он вуҷуд ки кулли суханҳо дар мавриди озодии зан аз Қуръони шарифу аҳодиси пайғамбари Ислом ва Қонуни асосии Афғонистон иқтибос мешаванду мушкилот ва беҳуқуқии зани Афғонистон аз забони рӯшанфикрону намояндагони саршиноси дини кишвар мавриди баррасӣ ва интиқод қарор мегирад, зоҳиран хушунат алайҳи зан дар ин кишвар боқӣ мемонад ва рӯзгори талхи вазнини зани Афғонистон беҳбуд намеёбад.
Хонуми 40-солае, ки дар хиёбонҳои Кобул садақа металабад, аз вазъи худ чунин қисса кард.
Қонуни асосии Афғонистон баробарҳуқуқии марду занро дар кишвар кафолат дода, 25 дар сади курсиҳои Вулуси Ҷирга - парлумони кишвар ва Мишрони Ҷирга - маҷлиси аъёнро ба занон ихтисос додааст.
Ҳангома Анварӣ, масъули бахши занон дар Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, ҳукумати Афғонистон танҳо дар он сурат ба ҳимоят аз занон садо баланд мекунад, ки аз сӯйи созмонҳои хифзи ҳуқуқи хориҷиву байналмилалӣ таҳти фишор қарор мегирад. Хонум Анварӣ гуфт, издивоҷвои иҷборӣ ва зудҳангом ба духтарони ноболиғ аз мавориди хушунат ҳастанд ва ҳукумати Афғнистон дар ин самт натавонистааст вазъро тағйир дихад. Вай афзуд, решаҳои нақзи ҳуқуқи зан дар худи қавонини кишвар вучуд доранд:
Тибқи иттилои Куммисиюни ҳуқуқи башари Афғонистон, дар соли равон аз 1200 шикояти ба ин ниҳод расида, 800 шикоят марбути нақзи ҳуқуқи зан аст ва издивоҷҳои иҷбориву зудҳангом ва латукӯби зан аз сӯйи мард мавориди аксар будаанд.
Аммо, меафзояд хонум Анварӣ, арқоми аслии нақзи ҳуқуқи зан дар Афғонистон то ба имрӯз вуҷуд надорад ва касе, кадом созмоне ҳам дар пайи созмон додани механизмҳои сабти нақзи ҳуқуқи зан нест.
Валиуллоҳ Раҳмонӣ, коршиноси масоили иҷтимоӣ мегӯяд, мавориди хушунат алайҳи занон ва мусаллатии мард бар зан алорағми қавонини шариату давлат ҳамчун авомили маъмул ва воқеъӣ дар зеҳни мардум нишастааст:
Оқои Раҳмонӣ афзуд, далели дигари бидуни муҷозот мондани нақзи ҳуқуқи зан минҳайси аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи Афғонистон дасти кӯтоҳи ҳукумату ниҳодҳояш ҳаст. Вай афзуд, агар қавонини кишвар тавассути ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ бар тамоми мардум мусаллат гарданд, вазъи ҳуқуқҳои башарии мардум низ таҳти назорати давлат хоҳад буд.
Якин Артук, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид аз масоили хушунат алайҳи занон дар Афғонистон мегуяд, ҳукумати Афғонистон бояд ба ҳамаи конвесияҳои байналмилалӣ, ки дар онҳо хушунат алайҳи занон маҳкум мешавад, шомил гардад. Ба итминони Хонум Артук эҷоди сарпаноҳҳои масъун барои занон ва духтароне, ки қурбонии хушунатҳои оилавӣ гашта, иҷборан хонаҳояшонро тарк кардаанд, як тарҳи посухгӯи вазъ аст. Ӯ гуфт:
Мехоҳам бигӯям, ки сарпаноҳҳо бояд эҷод ва тақвият шаванд. Албатта, онҳо хонаи аслиро иваз карда наметавонанд. Аммо метавонанд он занону духтаронеро паноҳ диханд, ки тамоми умедҳояшонро аз зиндагӣ канда, дар рӯёрӯи худкушӣ истодаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон, ҳамасола садҳо ҳодисаи худкушии занон дар кишвар ба назар мерасад ва кор ба ҷое расидааст, ки дар вилояти Ҳирот тӯли як шабонарӯз се нафар зан даст ба худкушӣ задаанд.
Аксари коршиносони Афғонистон бар он боваранд, ки танҳо бо баргузор кардани нишастҳо, фоизҳо ва курсиҳои имтиёзӣ дар қонун беҳбуд бахшидан ба вазъи занон дар кишвар имкон надорад ва ягона омили хушбинӣ тағйири зеҳниятҳо ва фаҳмишҳои ҷомеаи кишвар аст, ки пешгӯии замони он низ имконнопазир аст.