Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ бештар?


Мусобиқаи кушодаи шаҳри Душанбе оид ба вазнбардорӣ бо пирӯзии дастаи мунтахаби пойтахти Тоҷикистон ба анҷом расид. Дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа мақоми дувум ва дастаи шаҳри Ваҳдат мақоми севумро касб карданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ Баҳром Сангов аз ноҳияи Темурмалик дар вазни то 56 кило бо натиҷаи 185 кило, Низом Сангов аз Душанбе дар вазни то 62 кило бо натиҷаи 217 кило, Азиз Шукуров аз Қӯрғонтеппа дар вазни то 69 кило бо натиҷаи 230 кило, Ҷонибек Халилов аз Душанбе дар вазни то 77 кило бо натиҷаи 220 кило, Носир Расулов аз Душанбе дар вазни то 85 кило бо натиҷаи 242 кило ва Шукур Бобоҷонов аз Қӯрғонтеппа дар вазни то 94 кило бо натиҷаи 210 кило мақоми аввалро соҳиб шуданд. Бино ба иттилои Бобохон Сангов, дабири кулли Федератсияи вазнбардории Тоҷикистон намояндаи ин кишвар нахустин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ дар Қатар ширкат кард. Варзишгари ҷавони тоҷик Низом Сангов дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило бо натиҷаи 223 кило миёни 18 нафар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар мақоми сездаҳум қарор гирифт.

Ва ҳоло ба таваҷҷӯҳи мухлисони футбол. Ёдовар мешавам, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2006 оид ба футбол миёни бозигарони синни то 20-сола роҳ ёфт. Дар айни ҳол ба ҷуз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ҳамчунин дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон, Тайланд, Вйетнам, Чин, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2006 дар Ҳиндустон доир мешавад, роҳхат гирифтанд. Дар гурӯҳи «F» дастаи Қирғизистон, ки дар бозии аввал дар меҳмонӣ бар тими Непал бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба кард, бозии ҷавобиро дар Бишкек анҷом хоҳад дод. Ба ин тартиб, аз 16 дастае, ки дар давраи ниҳоии мусобиқот ширкат хоҳад кард, то ҳоло 11 даста бо дарназардошти тими мизбон маълум аст. Сабқати гурӯҳҳои D, G ва I дертар баргузор хоҳад шуд ва соҳиби роҳхати охирин дар бозии интихобӣ миёни намояндагони манотиқи Осиёи Шарқӣ ва Уқёнусия муайян мешавад.
XS
SM
MD
LG