Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарибӣ кӯи сахт аст, эй бародар...


Ҳафтаномаи мустақили «Миллат» дар шумораи тозаи худ бо Ҳуриниссо Ғаффорзода, собиқ ноибраиси ҲСДТ, ки бо тахаллуси Мӯътабари Раштӣ шеър мегӯяд, сӯҳбат оростааст. Мусоҳиби ҳафтанома гуфтааст, узвияти худро дар ҲСДТ қатъ ва аз мақомаш канорагирӣ кардааст. Сабаби ин амали худро ӯ бо набуди боварияш ба қудратмандии ҳизб барои пешбурди ҷомеа шарҳ додааст. Бону Ҳуриниссо гуфтааст, фаъолият дар ҳизбе, ки ҳам аз лиҳози моддӣ ва ҳам маънавӣ танқисӣ дорад, кори беҳуда аст. Ӯ афзудааст, ки пайвастани ӯ бо сотсиал- демократҳо иштибоҳ буд ва ин ҳизб ба арзишҳои миллати тоҷик, аз ҷумла ба фарҳанг ва забони он арҷ намегузорад.

Мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар роҳ ба ватан - мавзӯъе буд, ки дар ин ҳафта дар нашрияҳои чопи Душанбе ба таври густарда мунъакис гардида буд. «Азия - Плюс» ва «Вечерний Душанбе» гузоришҳои тасвирии зинда аз ҳоли муҳоҷирон дар Русия, дар қатора, дар фурӯдгоҳ чоп кардааст. Дар ин матолиб ҳарф аз он меравад, ки чӣ навъ дар қатораву дар фурӯдгоҳҳои чӣ кишварҳои дигар ва чӣ Душанбе ситонидани маблағ аз мардикорон ба як амали муқаррарӣ табдил ёфтааст. Дар матлаби «Азия - Плюс» рақами тахминӣ ҳам зада шудааст, ки ҳар як мусофир дар роҳ то 20 - 30 $ ва бештар барои кисаи гумруку марзбонон ва милисаҳо масраф мекунад ва ҳар як корманди интизомӣ ҳазорҳо доллар ҳар моҳ даромад ба даст меорад.

Мавзӯъи дигари матраҳ дар ин ҳафта артиш буд. «А-П» ҳисоб кардааст, баҳори соли ҷорӣ 50% даъватшудаҳо ба сафи артишро фарзандони деҳқонон ва 1,8 % -ро фарзандони амалдорон ташкил додаанд. Дар матолиби «А-П» ва «Миллат» дар ин масъала ҳарф аз ба истилоҳ «облава»-ҳои ғайриқонунӣ, мушкилоти артиш ва саркашиҳо аз хидмат дар он меравад. Ба навиштаи муаллифи матлаби «Миллат», ки вазъ дар ин самт дар Раштро тасвир кардааст, ки дар 12 - соли фаъолияти Донишкадаи ҳарбии Тоҷикистон, ягон ҷавон аз водии Рашт дар ин донишкада таҳсил накардааст.
XS
SM
MD
LG