Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзи Тоҷикистон ба гази табиӣ


Тоҷикистон барои соли оянда ба зиёда аз як миллиард метри мукааб гази табиӣ ниёз дорад. Ҷӯра Бобоев, мушовири вазири энержӣ ба радиои Озодӣ гуфт, аммо корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» наметавонад, ин миқдори гази табииро аз Ӯзбакистон харидорӣ кунад, зеро қиммати ин навъи сӯзишворӣ шурӯъ аз моҳи январи соли 2006 боло меравад. Ба гуфтаи оқои Бобоев, ширкати «Ӯзтрансгаз» азм дорад, соли оянда нархи 1000 метри мукааб гази табииро 55 доллари амрикоӣ муқаррар кунад, ки ин назар ба соли ҷорӣ 13 доллар бештар аст. Мушовири вазири энержӣ мегӯяд, аз соли оянда қиммати истифодаи ин навъи сӯзишворӣ барои аҳолӣ низ боло меравад.

Барои тафсили ин гузориш ҳамин хатро зер бикунед
XS
SM
MD
LG