Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти вазири корҳои хориҷии Русия дар бораи Тоҷикистон


Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров Тоҷикистонро "шарики устувор ва пешгӯишавандаи Русия" номида, афзуд, барномаҳои иқтисодии кишвараш барои Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои наздики Маскав ва Душанбе мусоидат хоҳанд кард. Вай гуфт, барномаи 2 миллиарддолларии инержӣ барои Тоҷикистон аҳамияти азим дошта, ба истиқлолияти энергетикии он роҳ мекушоянд ва ба тамоми риштаҳои иқтисодиёти тоҷик таъсири мусбат мерасонанд.
Лавров аз ҳамкориҳои ҳарбии Русия ва Тоҷикистон ситоиш карда ва гуфт, ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузаштани назорати марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳаргиз ба маънои хурӯҷи марзбонони Русия нест. Ба ақидаи ҷаноби Лавров танҳо шакли ҳамкорӣ дар ҳифзи ин марз тағйир ёфтааст. Лавров рушди муносибатҳои миёни Маскав ва Душанберо босубот ва бебозгашт меномад. Мақолаи батафсили вазири корҳои хориҷии Русия дар ҳоле нашр мешавад, ки дар Думаи давлатии ин кишвар лағви маҳдудиятҳо дар сафари шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди танқид аст ва гармии нави миёни Маскаву Тошканд дар Душанбе ақидаеро ба миён овардааст, ки бо дарёфти ҳампаймони қавитар дар минтақа Русия мумкин аст, ба Тоҷикистон диққати камтар диҳад.
XS
SM
MD
LG