Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борони голҳои беҷавоб (17:0)


Бозиҳои нахустин даври мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2006 оид ба футбол миёни ҷавонони синни то 20- сола дар даҳ гурӯҳ баргузор шуд. Ҳисоби аз ҳама калон дар бозии гурӯҳи "L" ба назар расид: дастаи мунтахаби ҷавонони Чин ба дарвозаи тими Гуам ҳабдаҳ голи беҷавоб зад. Ҳамчунин дар гурӯҳи "M" тими Кореяи Ҷанубӣ бар дастаи Муғулистон бо натиҷаи 13:0 пирӯз гашт. Тими Ҷопон дар дидори худ дар гурӯҳи "N" дастаи Тайванро бо натиҷаи 5: 0 шикаст дод. Бо чунин натиҷа тими Ирон дар гурӯҳи "H" дастаи Бангладешро мағлуб сохт. Ёдовар мешавам, ки дар гурӯҳи "E" дар шаҳри Душанбе дастаи Ӯзбакистон бар тими Покистон бо натиҷаи 3 бар 0 ғалаба кард. Дастаи Яман низ дар гурӯҳи "С" ба дарвозаи тими Фаластин се голи беҷавоб зад. Мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ дар гурӯҳи "В" бар тими Сурия бо натиҷаи 3 бар 1, дастаи Қирғизистон дар гурӯҳи "F" бар тими Непал ва тими Лаос дар гурӯҳи "К" бар дастаи Малдиви бо натиҷаи якхелаи 1 бар 0, тими Ироқ дар гурӯҳи "А" бар дастаи Лубнон ва дастаи Тайланд дар гурӯҳи "J" бар тими Сингапур бо натиҷаи мушобеҳ -- 2: 0 пирӯз шуданд. Даври дувуми мусобиқот рӯзи ҷумъаи 25 ноябр доир мешавад. Аз ҷумла дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "Е" дар аввалин бозии интихобии худ дар варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими Покистон рақобат мекунад.
XS
SM
MD
LG