Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA


Мунтахаби Бразилия бо 841 имтиёз миёни 205 кишвари олам дар ҷойи аввал мебошад.Тими Ҷумҳурии Чех бо 796 имтиёз мақоми дуввум ва дастаи мунтахаби Ҳолланд бо 791 имтиёз мақоми севумро ишғол мекунанд.

Миёни тимҳои қораи Осиё мунтахаби Ҷопон бо 713 имтиёз дар ҷои аввал аст ва дар рейтинги нави FIFA як зина боло - ба ҷои понздаҳум баромад. Тими миллии Эрон, ки дар Осиё дувумин аст, дар рейтинги ҷаҳонӣ бо 702 имтиёз мавқеашро ду зина беҳтар кард ва ба ҷои нуздаҳум баромад. Мақоми севумро дар қораи Осиё дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Корея ишғол мекунад. Ин даста дар рейтинги FIFA бо 682 имтиёз мавқеашро дар зинаи 29-ум нигаҳ дошт.

Байни тимҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мунтахаби Узбакистон зӯртарин аст, вале ин даста дар рейтинги нави FIFA бо 578 имтиёз як зина поин - ба ҷои панҷоҳу ҳаштум фуромад ва дар қора дар ҷои шашум мебошад. Мунтахаби Туркманистон низ бо 401 имтиёз як зина поин - ба ҷои яксаду дувоздаҳум фуромад ва миёни дастаҳои кишварҳои Осиё мақоми нуздаҳумро ишғол мекунад.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми «Дӯстӣ» дар шаҳри Душанбе бо 309 имтиёз дар рейтинги нави FIFA ду зина боло - ба ҷои яксаду чилу якум баромад ва миёни 44 тими миллии қораи Осиё дар мақоми бисту ҳафтум қарор дорад. Тими Қирғизистон бо 245 имтиёз як зина поин - ба ҷои яксаду панҷоҳу севум фуромад ва миёни дастаҳои мамолики Осиё дар ҷои 31-ум мебошад. Тими миллии Афғонистон бо 54 имтиёз мавқеашро дар рейтинги нави FIFA як зина боло кард ва дар ҷои яксаду наваду ҳаштум ва миёни тимҳои миллии Осиё дар зинаи 42-юм қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG