Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлоси сарнавиштсоз аз нигоҳи Абдулмаҷид Достиев


Сенздаҳ соли пеш дар рӯзи 16-уми ноябр нерӯҳои гуногуни Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ҷамъ омаданд, то ба суоли "Фардо Тоҷикистонро чӣ интизор аст?" посух ёбанд. Ноамнӣ дар Душанбе аз нигоҳи ҷонибҳои ба ҳам мухолиф ба баргузории навбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар пойтахт имкон намедод ва ҳукумати вақт тасмим гирифт, онро дар канори шаҳри Хуҷанд дар Қасри Арбоби хоҷагии замони Шӯравии собиқ маъруфи Ӯрунхоҷаев баргузор намояд.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро коршиносон ҳамчун бохти нерӯҳои мухолифини тоҷик арзёбӣ мекунанд. Аз нигоҳи онҳо иҷлосия ҳамчунин интизороти аслии мардум, хатми ҷангу хушунатро бароварда насохт ва ҳамоиши нерӯҳои гуногуни ҷомеаро таъмин накард.
Ва аммо Абдулмаҷид Достиев - муовини аввали раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ назари дигар дорад. Сӯҳбати мо бо Абдулмаҷид Достиев бо ин суол шурӯъ шуд, ки чаро нерӯҳои Тоҷикистон натавонистанд, аз шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар тобистони соли 1992 ҷилавгирӣ кунанд ва чӣ гуна ниёзе ба доир кардани иҷлосия дар Хуҷанд пайдо шуд.

Барои шунидани сӯҳбат ин ҷоро клик кунед.

Пасманзар ва андешаҳои коршиносону шоҳидони ҷонибҳои дигари қазия доир ба иҷлосияи 16-ми Шӯрои Олӣ ва сари қудрат омадани президент Эмомалӣ Раҳмонов дар барномаи вижаи "Қиссаҳои Бедорӣ"
XS
SM
MD
LG