Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи ҳамойиши байналмилалии Тунис


Ҳайъати давлатии Тоҷикистон таҳти сарварии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов баъд аз ширкат дар нишасти байналмилалии ҷомеаи иттилоотӣ дар Тунис ва мулоқот бо ҳайъатҳо аз кишварҳои ҳамкор шоми имрӯз ба Тоҷикистон бармегардад. Дар ин ҷамъомади байналмилалӣ масъалаҳои назорати ягона ба шабакаи ҷаҳонии интернет, дастрасии кишварҳои камбизоат ба навтарин фанновариҳои иттилоотӣ, таҳкими эътимод ва амнияти истифода аз ин дастовардҳо ва густариши ҳамкориҳо дар ин самт баррасӣ шуданд. Тавре ки узви ҳайъати ҳукуматии Тоҷикистон, вазири алоқа Саидҷон Зубайдов ба Радиои Озодӣ гуфт, баррасии масъалаи дар ихтиёри ширкати амрикоии ICAAN мондани феҳрасти номи саҳифаҳои интернетӣ ва ё зери назорати Созмони Милали Муттаҳид гузаштани он ба таъвиқ гузошта шуд:
"Дар ин ҷо баҳсҳои зиёде рафта истодааст ва фикр мекунам, назорати интернет дар ихтиёри ширкати амрикоӣ мемонад ва ин масъала дар оянда баррасӣ мешавад. Ба ҳама маълум аст, ки бояд ҳама ба як стандарти ҷаҳонӣ мувофиқат кунем."
Саидҷон Зубайдов, вазири алоқаи Тоҷикистон ҳамчунин аз мулоқоти президенти Раҳмонов бо сарони кишварҳо ва ширкатҳои ҷаҳонии иттилоотӣ ёд кард ва гуфт, дар ин нишастҳо ҳамкориҳои ояндаи тарафайн дар рушди шабакаи телекомуникатсионӣ ё дурпайванди Тоҷикистон зимни барномаи ҳадафҳои ҳазора баррасӣ шуданд.Нишасти Тунис эъломияи усули ҷомеаи иттилоотӣ ва барномаи амали кишварҳои ҷаҳонро ба тасвиб расонд.
XS
SM
MD
LG