Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзӣ дар Деҳлӣ


Ин даста дар бозиҳои интихобии гурӯҳи «G» дар шаҳри Деҳлӣ бар тими Покистон бо натиҷаи 1 бар 0 ва бар тими Ҳиндустон бо натиҷаи 3 бар 2 ғалаба кард. Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо шаш имтиёз мақоми аввалро касб намуда, соҳиби роҳхат ба мусобиқоти ниҳоӣ гашт. Бино ба иттилоъи Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон тими мунтахаби наврасони ин кишвар дуввумин бор ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти ниҳоии қаҳрамонии Осиё сазовор гаштааст.

Ҷадвали гурӯҳи «G»

1.Тоҷикистон 2/ 2/ 0/ 0/ 4-2/ 6
2.Ҳиндустон 2 / 1/ 0/ 1 / 11-3/ 3
3.Покистон 2 / 0 / 0 / 2 / 0-10 /0


Дар айни ҳол, ҳамчунин ғолибони гурӯҳҳои дигар -- дастаҳои мунтахаби наврасони Арабистони Саъудӣ, Сурия, Непал, Эрон, Мянма, Ҷопон, Чин ва Вйетнам барои ширкат дар мусобиқоти ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
XS
SM
MD
LG