Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти номи як ҳизби нав дар Тоҷикистон


Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳизби нави сиёсӣ, Ҳизби Аграрии Тоҷикистонро расман сабти ном кард. Раиси ин ҳизб академик Амир Қароқулов, ноиби президенти акадамияи кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи аслии ин ҳизб мусоидатҷиҳати рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Ба қавли оғои Қароқулов, шумори аъзои ин ҳизб беш аз 1000 нафар буда аслан мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва иқтисоди кишвар ҳастанд. Сумангул Тағоева, сардори раёсати бақайдгирии ташкилоти ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии вазорати адлияи Тоҷикистон ба саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи асноди ҳизби ҷадид дар зарфи як моҳи ахир ҳамаҷониба санҷида шуд ва оинномаи он ба талаботи қонунҳои кишвар ҷавобгӯ мебошад. Дар ду ҳафтаи ахир, ин дуввумин ҳизбест, ки дар вазорати адлияи кишвар сабти ном мешавад. Ду ҳафта қабл вазорати адлия Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодиро сабти ном карда буд ва ҳамакнун, шумори аҳзоби расмӣ дар Тоҷикистон ба ҳашт расид. Бону Тағоева гуфт, дар ҳоли ҳозир, ягон ҳизби дигар асноди таъсисотии худро барои сабти ном ба вазорати адлия пешниҳод накардааст.
XS
SM
MD
LG