Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии гуштигири тоҷик


Ин мусобиқот, ки дар қасри варзиши «Қазоқистон»-и шаҳри Остона тӯли чаҳор рӯз идома кард, шоми душанбеи 14 ноябр ба поён расид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон танҳо як медал ба даст овард. Паҳлавони тоҷик Наврӯз Саноев дар рақобатҳо дар вазни 100 кило мақоми севумро касб намуд.

Руслан Гасимов аз Русия дар ин вазн қаҳрамони ҷаҳон шуд. Михаил Апостолови булғор бо медали нуқра сарфароз гашт. Ба ҷуз гуштигири тоҷик, ҳамчунин Кирил Воловик аз Украина бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дастаи мунтахаби Русия дар рақобатҳо байни мардон аз ҳама бештар - 5 медали тилло, як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овард. Варзишгарони Муғулистон ду медали тилло ва як медали биринҷӣ гирифтанд. Мизбонон- гуштигирони Қазоқистон муваффақ ба дарёфти як медали тилло, ду медали нуқра ва ду медали биринҷӣ шуданд. Дастаи Ӯзбекистон соҳиби як медали тилло ва як медали биринҷӣ гашт.

Дар маросими кушоиш ва пӯшидашавии ин мусобиқот президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ширкат дошт.

Бино бар иттилоъи Маҳмуди Абдулло, дабири кулли федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон, дар тӯли сӣ соли баъди пирӯзии Саидмӯъмин Раҳимов, ягон гуштигири дигари Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо соҳиби медали тилло нагаштааст.
XS
SM
MD
LG